Узбекистон ба ҷуз аз ваксинаи чинӣ чанд доруи дигарро озмоиш мекунад

Ваксинаи КОВИД-19. Акс аз бойгонӣ.

Вазири рушди инноватсионии Узбекистон Иброҳим Абдураҳмонов гуфт, барои таъмини узбекистониҳо бо ваксинаи зидди коронавирус бояд чанд озмоиши мухталиф гузаронида шавад.

"Ин озмоишҳо метавонанд, ваксинаҳои русӣ, аврупоӣ, амрикоӣ ва ё чинӣ бошанд",-афзуд вазир.

Ба гуфтаи Иброҳим Абдураҳмонов, дар ҳоли ҳозир дар Узбекистон якбора чанд ваксина озмоиш мешавад.

"Анҷоми озмоиши чанд ваксина ҳамзамон талаботи вақт аст", - гуфт Иброҳим Абдураҳмонов.

Пештар аз ин хабар расида буд, ки дар Узбекистон дар ҷисми 5 ҳазор сокин ваксинаи чинии зидди коронавирус озмоиш мешавад.