Барои бунёди Маркази тамаддуни исломии Узбекистон 241 хонаро тахриб мекунанд

Ноҳияи Олмазори Тошканд.

Барои бунёди "Маркази тамаддуни исломӣ" дар ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканди Узбекистон бояд 241 хона тахриб шавад. Дар ин бора аз маркази матбуотии ноҳияи Олмазор хабар доданд.

Бино ба хабарҳо, то ин замон 237 хона тахриб шудааст. Сокинони ин хонаҳоро ба бинои баландошёнае дар ноҳияи Яшнобод кӯчонидаанд.

"Бо пешниҳоди комисияи вижа, хонаҳои нав ба соҳибонашон тақдим шудаанд. Дар рӯзҳои наздик хонаҳои боқимонда тахриб мешаванд", - омадааст дар хабари ноҳияи Олмазор.

Сохтмони бинои нав ва маҷмааи илмии Маркази тамаддуни исломӣ бо қарори президенти Узбекистон моҳи декабри соли 2017 шуруъ шуда буд.