Дар шаҳри Петропавловск, маркази маъмурии вилояти Қазоқистон Шимолӣ шуруъ аз 9 ноябр постгоҳ гузошта мешавад. Мақомоти он вилоят мегӯянд, шумори гирифторони вабои коронавирус нисбати моҳи гузашта дар вилоят афзоиш ёфтааст.
Дар бораи гузоштани постгоҳҳо муовини сарвазири он кишвар Ералӣ Тугжанов рӯзи сешанбе хабар дод.
Ронандагони дохили ва хориҷӣ, ки аз вилоят убур мекунанд, вазифадор мешаванд, ки ҳангоми вуруд ба вилоят санади мубтало набудан ба коронавирус бо худ дошта бошанд. Ҳамзамон дар он вилоят шуруъ аз 9 ноябр театрҳо, синамоҳо, иншооти диниву тафреҳӣ баста мешаванд.
Дар соатҳои корӣ фаъолияти иншооти ғизои умумӣ маҳдуд мегардад.
Ба ширкатҳо ва корхонаҳо дастур шудааст, на камтар аз 80 дарсади коргаронашонро ба кори фосилавӣ фиристанд.
Бино ба иттилои расмӣ, дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ 4 570 ҳолати гирифторӣ ба вабои коронавирус сабт шудааст. Аз ин шумор 33 ҳолат дар як рӯзи охир сабт гардидааст.