Содир Ҷабборов, иҷрокунандаи вазифаи президент ва сарвазири Қирғизистон гуфт, дар тарҳи нави Конститутсияи кишвараш низоми омехтаи интихоби вакилони порлумон ворид шудааст.
Ҷабборов дар ин бора дар мулоқот бо сокинони шаҳри Ӯши Қирғизистон хабар дод.
Вай гуфт, бар асоси тарҳи нави Конститутсия, нисфе аз вакилони порлумон тариқи ҳавзаҳои якмандатӣ ва нисфи дигар тибқи рӯйхати ҳизбӣ интихоб хоҳанд шуд.
"Низоми ҳизбӣ давлати моро ба ҳам зад. Ба ман пешниҳод шуд, комилан ба низоми якмандатӣ бигзарем, аммо касони дигаре, ки зидди ин пешниҳод ҳастанд, мегӯянд, нисфе аз вакилон тариқи ҳавзаҳои якмандатӣ ва нисфи дигар бар асоси рӯйхати ҳизбӣ интихоб шаванд. Дар тарҳи Конститутсия ин меъёр ворид шудааст", - гуфт Ҷабборов.
Сарвазири Қирғизистон ҳамзамон хабар дод, ки тарҳи нави Конститутсияи Қирғизистон тақрибан омода шудааст ва дар 10-15 рӯзи оянда ба муҳокимаи умум гузошта мешавад.
Пас аз интихоботи парлумонии 4 октябр неруҳои сиёсӣ ва ҷамъиятии ба натоиҷи он норизо рӯзи 5 октябр дар майдони марказии “Ала-Тоо”-и Бишкек гирдиҳамоии эътирозӣ созмон доданд. Наздикиҳои шом гирдиҳамоӣ ба бархӯрди эътирозгарону мақомоти ҳифзи ҳуқуқ табдил ёфт, шаби 6 октябр бошад, эътирозгарон бинои КДАМ ва “Қасри сафед”-ро, ки парлумон ва дастгоҳи президент онҷост, муҳосира карданд.
Дар натиҷаи ҳукумат, раиси порлумон ва президенти ин кишвар ба истеъфо рафтанд.
Порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи рӯзи 22 октябр лоиҳаи қонуни боз доштани иҷрои бандҳои 38 ва 63-и қонуни конститутсионии ин кишварро дар бораи интихоботи президентӣ ва вакилони порлумон қабул кард. Бар асоси лоиҳаи қонун, интихоботи нави порлумонии Қирғизистон баъди ислоҳи Конститутсияи ин кишвар ва на дертар аз 1 июни соли 2021 баргузор хоҳад шуд.