Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки рӯзи 2-юми ноябр дар шаҳри Опол-Любелски Лаҳистон як зодаи 16-солаи Қазоқистон парронда шудааст.
Зодаи Қазоқистон аз ҷароҳати бардоштааш дар ҷои ҳодиса фавтидааст. Бино ба хабари Вазорати умури хориҷии Қазоқистон, вай барои таҳсил ба Лаҳистон рафта буд.
"Дар натиҷаи ҷароҳат аз тир шаҳрванди Қазоқистон, соли таваллудаш 2004, дар ҷои ҳодиса фавтид. Тафтишот идома дорад", - омадааст дар хабар.
Гумонбарон ҳоло пайдо нашудаанд.
Ба иттилои додситонии шаҳри Люблин, шаҳрванди Қазоқистон ҳангоме парронда шуд, ки бо дӯстонаш ба боғ себчинӣ рафта буд. Додситонии ҷузъиёти дигари ҳодисаро нашр накардааст.
Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон тасмим дорад, ҷасади ҷавони кушташударо ба зодгоҳаш биорад.