Шумораи низомиҳои кушташудаи артиши давлати худхондаи Қарабоғи Куҳӣ аз оғози низои 27 сентябр то ин замон ба 1200 наздик шудааст. Дар ин бора мақомоти давлати худхонда хабар доданд.
Ба ҷуз ин, дар Қарабоғи Куҳӣ гуфтанд, ки рӯзи 2 ноябр дар минтақаи задухурди артиши Арманистон бо Озарбойҷон 20 зархариди турк кушта шудааст. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян ба таҳқиқи байналхалқӣ нисбати Боку даъват кард.
Пештар аз ин Анкараву Боку хабарҳо дар бораи ширкати зархаридони турк дар низоъи Қарабоғи Куҳӣ аз ҷониби Озарбойҷонро рад карда буданд.
Вазорати мудофиаи Озарбойҷон дар навбати худ рӯзи 2 ноябр артиши Арманистонро дар тирборон кардани ҳудуди Озарбойҷон айбдор кард. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев гуфт, Боку омодаи қатъи низоъ ҳаст, агар Ереван масъулияти берун бурдани артишашро аз Қарабоғи Куҳӣ ба душ гирад.
Аз оғози низоъ дар охири моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Қарабоғи Куҳӣ Бокуву Ереван борҳо дар бораи оташбаси башардӯстона созиш карданд, аммо оташбас риоя намешавад. Дар вайрон кардани оташбас ҷонибҳо ҳамдигарро айбдор мекунанд.