Дар Молдова имрӯз, 1-уми ноябр шаҳрвандон барои интихоби президенти нав, овоз доданд.
Игор Додон, президенти кунунии рӯ ба Русияи Молдова бо ҳафт номзад рақобат дорад, вале Мая Санду, номзади 48 солаи рӯ ба ғарбро рақиби аслии ӯ медонанд, ки дар гузашта сарвазири ин кишвар буд.
Дар соли 2016 Игор Додон Мая Сандуро дар даври дуюм бо бартарии панҷ дар сади овозҳо мағлуб карда буд.
Дар сурати райъи баробар ё райъи муқарраршударо нагирифтан ин интихобот низ метавонад ба даври дуюм кашад.