Белорус сар аз 1-уми ноябр марзҳои худро қисман бо кишварҳои ҳамсояаш баст.
Бисёриҳо бар ин назаранд, ки бастани марз ангезаи сиёсӣ дорад.
Кумитаи марзбонии Белорус гуфт, ки бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти шаҳрвандон аз коронавирус марз баста шуд.
Бастани марз дар ҳолест, ки Александр Лукашенко, президенти Белорус талош дорад, роҳи эътирози тақрибан семоҳаи сокинон дар ин кишварро бигирад.
Дар интихоботи президентии рӯзи 9-уми август Лукашенкоро пирӯз эълон карданд. Мухолифон натиҷаи интихоботро қабул надоранд ва мегӯянд, Светлана Тихановская, рақиби ӯ пирӯзи интихобот аст.
Тақрибан ҳар рӯз ҳазорон нафар дар шаҳрҳои гуногуни Белорус барои истеъфои Александр Лукашенко, ки 24 сол боз сари қудрат аст, эътироз мекунанд.
Ҳоло дар кишварҳои Аврупо гирифторони коронавирус афзоиш ёфтааст. Дар оғози пандемия Лукашенко маҳдудият ҷорӣ накарда буд ва таъсири ин бемориро ҷиддӣ нагирифта буд. Аз ин рӯ, баста шудани марзҳоро сокинон сиёсӣ унвон мекунанд.