Пас аз як рӯзе, ки Арманистон ва Озарбойҷон дар бораи ҳамла накардан ба минтақаҳои аҳолинишин созиш карданд, боз ҳамдигарро дар тирборон кардани деҳот муттаҳам намуданд.
Ҳамлаҳои нав дар ҳолест, ки Русия гуфтааст, агар ҷанг аз Қарабоғи Кӯҳӣ то қаламрави Арманистон расад, ба ин кишвар кӯмаки “зарурӣ” мерасонад.
Маскав дар посух ба номаи Никол Пашинян, сарвазири Арманистон ба президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки машваратҳои “фаврӣ”-ро оғоз мекунанд.
Ҷанг миёни Озарбойҷон ва Армнистон аз охири моҳи сентябр бар сари Қарабоғи Кӯҳӣ идома дорад.
Дар ин муддат ду ҷониби бо миёнаравии Русия, Амрико ва “Гуруҳи Минск”-и Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо борҳо созиш карданд, вале зуд созиш шикаста шуд. Ҳамеша ҷонибҳо ҳамдигарро ба нақзи оташбас гунаҳкор мекунанд.