Омори расмии гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон аз 11000 гузашт

Акс аз бойгонӣ

Шумори гирифторони коронавируси нав дар Тоҷикистон рӯзи 31-уми октябр ба 11017 нафар расид. Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар шабонарӯзи ахир 40 мавриди собитшудаи бемориро сабт карданд. Ба иттилои расмӣ, талафот аз беморӣ дар Тоҷикистон 82 нафар аст. Мақомот мегӯянд, 10233 нафар шифо ёфтанд. Аммо мутахассисон ба омори расмӣ дар бораи бемории COVID-19 дар Тоҷикистон шубҳа доранд ва мегӯянд, теъдоди гирифторону талафот ба маротиб бештар аз он аст, ки Вазорати тандурустӣ мегӯяд. Айни замон дар бисёре аз кишварҳои Аврупо аз афзоиши сироят гузориш медиҳанд ва маҳдудиятҳо барои монеъ шудан ба маргу миру беморӣ дар ин кишварҳо зиёдтар мешавад.