Азсаргирии музокироти Арманистону Озарбойҷон барои созиши нави сулҳ 

Гурӯҳи Мински САҲА ва вазири хориҷаи Арманистон Зоҳраб Мнатсаканян дар Женева

Дипломатҳои баландпояи Озарбойҷону Арманистон дар Женева бо ширкати миёнҷиҳои байналмилалӣ ба баррасии шарту шароити созиши нави сулҳ пардохтанд, дар ҳоле, ки даргириҳо дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ идома дорад ва се созиши қаблии оташбас бенатиҷа анҷомид. Ҷаласаи рӯзи 30-юми октябрро дар чаҳорчӯби Гурӯҳи Мински САҲА вазири хориҷаи Арманистон Зоҳраб Мнатсаканян шурӯъ кард. Ба ин гурӯҳ ИМА, Фаронса ва Русия шомил ҳастанд. Қарор аст баъди ин Ҷейҳун Байрамов, вазири хориҷаи Озарбойҷон бо дипломатҳои хориҷӣ гуфтугӯҳои ҷудогонае барпо кунад. Маълум нест, ки вазирони хориҷаи ду кишваре, ки дар ҳоли низоъ ҳастанд, бо ҳам мулоқоти рӯбарӯ барпо мекунанд ё на.

Қарор буд ин ҷаласа рӯзе аз ин пеш баргузор шавад, вале даргириҳои сарзада дар Қаробоғи Кӯҳӣ - минтақае дар дохили қаламрави Озарбойҷон, вале таҳти назорати арманитаборҳо ва дар иҳотаи низомиёни Арманистон – монеи ин музокирот шуд.
Даргириҳои ахир дар Қаробоғи Кӯҳӣ рӯзи 27-уми сентябр оғоз шуд ва чанд созиши оташбаси ҳосилшуда дар фосилаи кӯтоҳи баъдаш боз ҳам барҳадар рафт. Озарбойҷон рӯзи 29-уми октябр гуфт, ки ба Арманистон ҷасади 29 низомиро таслим кард, ки дар ин ҷангҳо кушта шуданд. Дар ҷараёни даргириҳои идомаёбанда шумори қурбониҳо афзоиш меёбад. Ҳарду ҷониб якдигарро дар нақзи созиши оташбас, ки бори охир бо миёнҷигии ИМА ҳосил шудааст, гунаҳкор мекунанд.
Гурӯҳи Минск гуфт, ки мулоқоти Женева бо ҳадафи “баррасӣ, дастёбӣ ба созиш ва шурӯи иҷрои он мутобиқ ба зарбулаҷали ҳосилшудаи тарафҳо то замони истиқрори пурраи сулҳ дар Қаробоғи Кӯҳӣ” баргузор мешавад.

Танишҳои қавмӣ дар минтақаи ҷойгир миёни арманиҳои масеҳӣ ва ҳамсояҳои мусалмонашон давоми даҳсолаҳо идома дорад. Қаробоғи Кӯҳӣ қаламрави эътирофшуда дар ҳудудҳои Озарбойҷон мебошад, вале арманитаборҳо, ки аксарияти сокинони ин минтақаи ҷудоиталабро ташкил медиҳанд, қонунҳои Озарбойҷонро қабул надоранд. Аз оғози солҳои 1990-ум, замоне, ки дар ин қаламрав низоъ бархост, дар Қаробоғи Кӯҳӣ аз рӯи қонунҳои худ пеш мераванд ва аз Арманистон пуштибонӣ мебинанд.
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев талаб кардааст, ки Қаробоғи Кӯҳӣ ва ҳам ҳафт ноҳияи тарофи он, ки зери назари низомиёни арманӣ мебошанд, ба Озарбойҷон баргардонида шаванд.


Арманистон гуфтааст, ки ин қаламравро тарк намекунад, чун ин ҳама макон таърихан моли арманиҳо будааст, аҳолиаш ба ҳимоят ниёз дорад.


Низоъҳои бархоста хатари фаротар аз Қафқози Ҷанубӣ доман паҳн кардани хушунатҳоро бо ширкати эҳтимолии Туркия – як узви НАТО ва муттафиқи Озарбойҷон ва аз сӯи дигар Русия, ки бо Арманистон созиши низомӣ дорад, ба миён овардааст.
Туркия тақозо кард, ки нақши Гурӯҳи Минск, ки ба қавли Анкараву Боку давоми даҳсолаҳо масъалаи Қаробоғи Кӯҳиро канор гузошта буд, фаротар аз салоҳиятҳои имрӯзааш бошад. Вале на танҳо Туркия ба ҳайси як бозигари минтақавӣ ба ин низоъ дида дӯхтааст.

Эрон ҳам ҳушдор додааст, ки ҷонибҳои даргир ба қаламравҳои наздик ба минтақа осеб нарасонанд. Эрон ҳафтаи ҷорӣ гуфт, ки умедвор аст, аз роҳи роҳандозии нақшае дар марзҳои шимолуғарбаш метавонад дар хатми хушунатҳои Қаробоғи Кӯҳӣ саҳмгузор шавад.

Айни замон, Иттиҳоди Аврупо бар ин аст, ки тавсеаи хушунатҳо “ғайри қобили қабул аст” ва ҷонибдори роҳандозии музокироти сулҳ мебошад.