Адахон Мадумаров мехоҳад номзад ба интихоботи президентии Қирғизистон шавад

Адахон Мадумаров, раиси ҳизби оппозитсионии “Бутун Қирғизистон”

Адахон Мадумаров, раиси ҳизби оппозитсионии “Бутун Қирғизистон” гуфт, ки номзадиашро ба интихоботи президентии кишвар пешбарӣ хоҳад кард. Дар як нишасти матбуотии рӯзи 30-юми октябр Мадумаров таъкид кард, ки номзадии ӯро на ҳизбаш, балки худаш пешбарӣ мекунад. “Ман аз роҳи худпешбарӣ иштирок хоҳам кард. Президенти Қирғизистон бояд номзадии ҳама қишрҳои аҳолӣ, гурӯҳҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаро намояндагӣ кунад. Ин чиз барои ҳифзи мустақилият аз гурӯҳҳои дигари сиёсӣ мусоидат мекунад”, гуфт Мадумаров. Ӯ гуфт, ки аризаашро дар ҳамин рӯз ба Комиссиюни марказии интихоботҳо медиҳад.

Рӯзи 24-уми октябр ин коммиссиюн қарор кард, ки интихоботи президентии Қирғизистон рӯзи 10-уми январи соли 2021 баргузор мешавад. Аввал шуда нияти ширкат дар интихоботро Содир Ҷабборов, нахуствазир ва иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон баён кард.

Қонуни амалкунанда ба иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президент ҳақ намедиҳад, ки дар интихобот номзад шавад, вале Ҷабборов гуфт, ки омода аст як моҳ пеш аз интихобот аз мақомаш канор биравад.

Дар Қирғизистон баъди интихоботи баҳсбарангези 4-уми октябр эътирозу беназмиҳо сар зад ва натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ бекор шуд. Ҷабборов, ки бо кӯмаки тарафдорон аз зиндон озод гардид, дар овоздиҳии парлумон нахуствазир интихоб шуд ва президент Сооронбой Ҷеенбеков аз мақомаш канор рафт. Ҳамакнун дар Қирғизистон бояд ду интихоботи нав баргузор шавад, вале дар масъалаи таърихи баргузории интихоботи парлумонӣ ҳанӯз баҳсу баррасиҳо идома дорад.