Вазорат гуфт, беш аз 10 000 кас дар Тоҷикистон аз COVID-19 шифо ёфтаанд, вале шубҳаҳо боқист

Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон 41 мавриди дигари собитшудаи бемории COVID-19-ро сабт кардаанд. Ба иттилои расмӣ, рӯзи 27-уми октябр теъдоди умумии мубталоён ба 10860 нафар расид. Тоҷикистон охири моҳи апрел мавҷудияти коронавирусро эътироф кард. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин муддат беш аз 90 дарсад ё зиёда аз 10 ҳазор бемор шифо ёфтаанд. Вазорат рӯзи 27-уми октябр дар сомонаи расмиаш навишт, "дар шабонарӯзи охир 58 кас баъд аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд." Мақомот талафот аз бемории ҳамагирро 81 нафар шумурдаанд. Аммо мутахассисон ба омори расмӣ дар бораи бемории COVID-19 шубҳа доранд ва мегӯянд, теъдоди гирифторону талафот ба маротиб бештар аз он аст, ки Вазорати тандурустӣ мегӯяд. Айни замон дар бисёре аз кишварҳои Аврупо аз афзоиши сироят гузориш медиҳанд ва маҳдудиятҳо барои монеъ шудан ба маргу миру беморӣ дар ин кишварҳо зиёдтар мешавад.