Баъд аз як рӯзи худкушии Шерафган Хоҷақулов, корманди бахши амнияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки наздиконаш онро ба пардохт нашудани маоши чандмоҳааш рабт доданд, маъмурияти фурудгоҳ гуфтанд, ки "ҳодиса ба масъалаи маош рабт надорад".
Дафтари матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рӯзи 27-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, маоши Шерафган Хоҷақулов пардохта шудааст ва санадҳои бонкӣ низ доранд.
Ин манбаъ гуфт, сабаби асосии даст ба худкушӣ задани корманди Бахши амнияти Фурудгоҳ ҳанӯз рӯшан нест ва онро Додситонии нақлиёт таҳқиқ дорад. Имрӯз раҳбари бевоситаи Шерафган Хоҷақулов барои додани баёнот ба додситонӣ даъват шудааст. Ӯ дар гуфтугӯи кутоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз шарҳи масъала худдорӣ кард ва афзуд, барои ҳама гуна маълумот ба мақомоти тафтишотӣ муроҷиат карда шавад.
Дафтари матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯяд, Шерафган Хоҷақулов худро бо тири "Калашников" паррондааст ва мақомоти Фурудгоҳ ба таври расмӣ ба хонаводааш изҳори ҳамдардӣ кардаанд. Вале наздикони Хоҷақулов ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ягон таслияти расмӣ нагирифтаанд, танҳо ҳамкорони Шерафган як миқдор маблағ ҷамъоварӣ намуда, ба ин хонавода расондаанд.
Дар ҳамин ҳол, як манбаи наздик ба мақомоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуфт, Шерафган Хоҷақулов гуё бо яке аз наздиконаш мушкили пулӣ дошт, вале пайвандонаш ин хабарро рад карданд.
Рӯзи 26-уми октябр баъзе аз онҳо худкушии Шерафган Хоҷақуловро ба пардохт нашудани маоши, ба гуфтаи онҳо, нӯҳмоҳааш ва қарздорӣ аз манзили иҷора рабт дода буданд.
Радиои Озодӣ барои маълум кардани паҳлӯҳои қазия ба раҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе расман муроҷиат кардааст ва мунтазири посухи онҳо аст. Дар сурати ба даст омадани ҷузъиёти бештар онро дар сомона нашр хоҳем кард.
Ончи рӯзи 26-уми октябр гузашт, дар инҷо бихонед:
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Нӯҳ моҳ маош нагирифта буд". Худкушии як корманди Фурудгоҳи Душанбе. ВИДЕО