Президенти пешини Қирғизистон дар боздоштгоҳ гуруснашинӣ эълом кард

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон.

Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон, ки баъди аз сӯи эътирозгарон аз зиндон раҳо шудан дубора боздошт гардид, дар боздоштгоҳ гуруснашинӣ эълом кардааст. Дар ин бора вакили мудофеи вай Замира Жоошева хабар дод.

Талабҳои Отамбоев аз ин гуруснашинӣ ҳанӯз маълум нест. Ба гуфтаи Жоошева, президенти пешинро дар таҳхонаи боздоштгоҳ - ҷое ки пештар маҳкумони ба қатлро нигаҳ медоштанд - нигаҳдорӣ мекунанд. Вакили мудофеъ гуфт, он макон шароити бад дорад ва сиҳатии Отамбоев нохуб шудааст.

Хадамоти иҷрои ҷазои ҷиноии Қирғизистон гуфт, ки Отамбоев дар асоси қарори додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ба боздоштгоҳ интиқол ёфтааст ва шароити макони нигаҳдории президенти пешин мувофиқ ба талабот аст.

Рӯзҳои 7-8 августи соли гузашта дар деҳаи Кой-Тош "амалиёти иҷборан эҳзор кардани президенти пешини Қирғизистон ба бозпурсӣ" баргузор шуда, дар натиҷаи задухӯрди нерӯҳои пулис бо ҷонибдорони Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон даҳҳо кас осеб диданд. Аз ҷумла, як афсари Кумитаи амнияти ин кишвар ҷон бохт.

Отамбоев дар солҳои 2011 то 2017 президенти Қирғизистон буд. Моҳи июли соли ҷорӣ ӯро бо айби фасодкорӣ 11 сол зиндонӣ карданд. Шаби 6 октябр дар натиҷаи эътирозҳои оммавӣ Отамбоев аз маҳбаси кумитаи давлатии амнияти миллӣ озод шуд. Баъди чанд рӯз ӯро дубора боздошт карданд.