Эрдуғон сокинони Туркияро ба бойкоти маҳсулоти фаронсавӣ даъват кард

Раҷаб Тайиб Эрдуғон (аз чап)ва Эммануэл Макрон. Акс аз бойгонӣ

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар пасманзари бадтар шудани робитаҳои Анкараву Париж дар заминаи масъалаҳои ифротгароии исломӣ, аз ҳамватанонаш хост, ки маҳсулоти сохтаи Фаронсаро бойкот кунанд. Изҳороти рӯзи 26-уми октябри Эрдуғон дар ҳоле садо дод, ки ду рӯз пеш аз ин ӯ аз президенти Фаронса Эммануэл Макрон хост, ки аз озмоиши сиҳҳатии равонӣ гузарад. Дар посух Фаронса сафирашро аз Анкара бозхонд. Айни чунин суханҳоро ӯ рӯзи 26-уми октябр ҳам ба забон овард. Эрдуғон дар як суханронии телевизиониаш дар Анкара гуфт: “Тавре дар Фаронса гуфтанд, ки “маҳсулоти сохташудаи туркиро нахаред”, ман аз мардумам ин ҷо даъват мекунам. Ҳеҷ гоҳ маҳсулоти сохтаи Фаронсаро нахаред”.
Рӯзи 17-уми октябр Фаронса аз ҳодисаи қатли бераҳмонаи омӯзгоре аз ҷониби як ҷангҷӯи исломӣ таконзада шуд. Ин омӯзгор қаблан зимни сӯҳбат дар мавзӯи озодии баён карикатураҳои Муҳаммад пайғамбарро ба шогирдонаш намоиш медод.
Рӯзи 23-юми октябр карикатураҳое, ки бори аввал чанд сол пеш дар маҷаллаи ҳаҷвии “Шарли Ҳебдо” нашр шудаанд, дар бинои ҳукумати Фаронса намоиш дода шуданд ва ин ҳодиса мояи хашми ҷаҳони Ислом шуд. Дар посух ба пуштибонии Макрон аз ин карикатураҳо, дар кишварҳои мусалмоннишини ҷаҳони Араб даъватҳо ба бойкоти харидории маҳсулоти фаронсавӣ садо дод. Макрон гуфт, ки “Фаронса ҳеҷ гоҳ аз кариатураҳои мо даст намекашад”.
Ҳоло бойкоти харидории маҳсулоти сохтаи Фаронса дар Қатару Кувайт ҷараён дорад ва интизор меравад, ки дар Урдун ва дигар кишварҳо идома пайдо кунад.
Аз лиҳози ҳаҷми маҳсулоти воридшаванда ба Туркия, Фаронса дар ҷои даҳум меистад ва барои Туркия Фаронса ҳафтумин кишварест, ки он ҷо маҳсулот содир мекунад. Дар миёни маҳсулоти дигар туркҳо мошинҳои фаронсавиро хеле зиёд мехаранд.

Туркияву Фаронса кишварҳои узви НАТО мебошанд, вале сари масоили Сурияву Либия, қонунгузории роҳҳои баҳрӣ дар шарқи Ховари Миёна ва низоъ дар Қаробоғи Кӯҳӣ ихтилофи назар доранд.