Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико (номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ) ва Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури собиқ (номзади Ҳизби Демократ), рӯзи 22-юми октябр дар дебат ё мунозираи ниҳоӣ иштирок карданд. Ин дар ҳолест, ки ба интихоботи президентии Амрико камтар аз ду ҳафта мондааст.
Мунозираи телевизионии 90-дақиқаӣ байни ду рақиб дар интихобот аз мунозираи аввали онҳо бисёр нармтар буд.
Трамп, ки дар бештари назарсанҷиҳо аз Ҷо Байден ақибтар аст, аз шеваи назорати бемории ҳамагир дифоъ кард ва он мавзӯи асосии баҳс буд.
Ӯ гуфт, Иёлоти Муттаҳида "зиндагӣ бо ин вирус"-ро меомӯзад ва то поёни имсол ваксинаи он сохта мешавад. Вай хостори кушодани ҷойҳои кору иқтисоди Амрико шуд.
Байден дар посух гуфт, паҳншавии коронавируси нав идома дорад ва Доналд Трамп қасд надорад, ҷилави ончиро, ки вай "зимистони торик" хонд, бигирад.
Ҷо Байден гуфт, 220 ҳазор амрикоӣ ҷонашонро аз даст доданд ва касе, ки масъули ин теъдод маргу мир аст, набояд ба ҳайси раиси ҷумҳури Амрико бимонад.
Трамп ҳамчунон ба ҳамлаҳо ба Байден пардохт ва ӯро сиёсатмадори "фосид" хонд ва бори дигари иддаоҳо бар Байдену писараш Ҳантерро такрор кард, ки 5 сол узви ҳайати мудири ширкати энержии "Бурисима" дар Украина буд.
Ҷо Байден гуфт, писараш ҳангоми кор дар ширкат кори номуносиб анҷом надодааст ва дар муқобил ба ҳамла идома дод ва хотирнишон кард, Трамп касе аст, ки ба хотири муомилоташ бо Украина ба импичмент наздик шуд.
Мунозираи байни ду номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико ҳамчунон шомили амнияти миллӣ, масоили нажодӣ, амнияти интихобот, Чин, муҳоҷират, тағйироти иқлимӣ, энержӣ ва иқтисод низ буд.