Мақомоти шаҳри Хуҷанд гуфтанд, фаъолияти марказҳои дилхуширо ба хотири риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ манъ кардаанд.
Дафтари матбуоти шаҳрдори Хуҷанд рӯзи 23-юми октябр бо нашри изҳороте гуфт, "масъулини клубҳои шабона бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дастуру тавсияҳои Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории короновирусро иҷро накардаанд".
Назари масъулини марказҳои дилхушӣ то ин лаҳза дақиқ нест.
Манбаъ мегӯяд, аз ин рӯз фаъолиятҳои марказҳои дилхушии "Хваканта", "Опера", "Амнизия", "Парламент", "Шоми Суғд", "Очил", "Ёсуман" ва "Барбарос" манъ карда шуд. Маъмурони милиса муваззаф шудаанд, ки иҷрои ин қарорро назорат кунанд.
"Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд фаъолияти чунин марказҳои дилхуширо дар шароити феълӣ барои саломатии шаҳрвандон хатарнок арзёбӣ намудааст",-омадааст дар изҳороти шаҳрдори Хуҷанд.
Мақомот гуфтанд, фаъолияти марказҳои тафреҳӣ танҳо баъди ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ ва риояи тавсияҳои беҳдоштӣ иҷозат дода мешаванд.
Вазъияти вобаста ба коронавирус дар вилояти Суғд бахусус дар шаҳри Хуҷанд ба гуфтаи мутахассисон бадтар шудааст. Дар рӯзҳои ахир хабарҳое аз шаҳри Хуҷанд мерасад, ки мақомот дубора қасд доранд маҳдудиятҳоро ҷорӣ кунанд. Аз ҷумла, шаҳрдори Хуҷанд гуфтааст, гузарондани маъракаҳои туйро мумкин аст манъ кунанд, чун 45 дарсади ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус маҳз дар туйҳо сурат гирифтааст.
"Агар одамон қоидаҳоро риоя накунанд, мо маҷбур мешавем, ки тӯйҳоро манъ кунем. Ҳангоми додани иҷозат барои гузаронидани чорабинӣ, бояд ҳатман аризаи ташкилкунандагони он дар бораи он, ки онҳо ӯҳдадор мешаванд, ки меъёрҳои санитариро риоя намоянд, гирифта шавад",-иброз намудааст Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд.
Тибқи омори расмӣ, танҳо дар маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд 4650 ҳолати сироятёбӣ бо COVID-19 сабт шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ахиран ду мансабдори баландпояи бахши тандурустии вилояти Суғд аз мақомашон барканор карда шуданд. Сабаби барканории онҳо эълон нашудааст, вале ҳарду аз раҳбарони кӯмаки аввалияи тиббӣ дар ин вилоят будаанд.
Мақомоти шаҳри Хуҷанд дар ҳоле дубора маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирусро бармегардонанд, ки мутахассисони соҳаи тиб аз афзоиши дубораи пандемия дар саросари кишвар бонги изтироб мезананд. Аммо масъулини Вазорати тандурустӣ мегӯянд, гирифторӣ ба COVID-19 дар кишвар бетағйир аст ва онҳо рӯзона ҳудуди 40 беморро сабт мекунанд.
Масъулони Вазорати тандурустӣ бо ин, ки афзоиши беморонро тасдиқ намекунанд, мегӯянд, риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ аз сӯи бештари сокинон боиси нигаронӣ аст. Мутахассисон ҳам мегӯянд, яке аз сабабҳои дубора афзоиш ёфтани бемории COVID-19, бепарвоии сокинон дар пӯшидани ниқоби тиббӣ ва риояи фосилаи ҷисмонӣ аст.
Тибқи иттилои расмӣ, то 22-юми октябр дар Тоҷикистон 10653 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда, 9393 нафари онҳо шифо ёфтаанд. Ин беморӣ то кунун дар кишвар 81 қурбонӣ доштааст.
Мутахассисон бовар доранд, омори расмӣ баёнгари миқёси воқеии беморӣ ва талафот дар кишвар нест ва теъдоди гирифторону фавтидагон ба маротиб зиёдтар аз он аст, ки мақомот мегӯянд.