Дар Қирғизистон пешниҳод доранд, ки интихоботи порлумонӣ дертар баргузор шавад

Аъзои порлумони Қирғизистон. 21-уми октябри 2020

Талант Мамитов, вакили порлумони Қирғизистон аз ҳизби "Республика-Ота Ҷурт" пешниҳод дорад, ки интихоботи порлумонӣ дертар баргузор шавад.

"Бо назардошти вазъи сиёсӣ ва беҳдоштии кишвар мо бояд роҳи дурустро интихоб кунем, мо ба муҳлат ниёз дорем то ин ки ба фикри мушаххасе бирасем. Тағйири Конститутсия вақт мехоҳад. Аз ҳамин хотир пешниҳод дорем, ки интихобот дертар баргузор шавад", - гуфт Мамитов.

Омурбек Текебоев, раиси ҳизби "Ота Макон" ҳам аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ кард.

Порлумони он кишвар ахиран тағйирот ба қонунгузории интихоботиро қабул кард. Бино ба тағйирот, фоизи касби раъй барои вуруд ба порлумон 3 дарсад ва кафолати интихоботӣ 1 миллион сом таъйин шуд.

Дар Бишкек сокинон рӯзи 5-уми октябр дар робита ба натиҷаи интихоботи порлумонии рӯзи 4-уми октябр гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Ширкатдорон бекорсозии натиҷаҳои интихобот ва баргузории раъйдиҳии такрориро талаб доштанд. Шоми 5 ба 6-уми октябр гирдиҳамомадагон Кохи сафед ва чанд бинои мақомоти қудратиро ғасб ва бархе аз маҳбусон, аз ҷумла Содир Ҷабборовро аз зиндон озод карданд.

Комисияи интихоботӣ рӯзи 6-уми октябр натиҷаи интихоботи порлумониро бекор кард.

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон рӯзи 15-уми октябр истеъфо дод. Раиси порлумон он кишвар Қанотбек Исоев аз иҷрои вазифаҳои президент даст кашид ва ба ин тартиб, сарвазир Содир Ҷабборов ҳамзамон салоҳиятҳои президентро соҳиб шуд.