Мақомоти Ҷумҳурии Чех рӯзи 22 октябр гуфтанд, ки шумори рекордии гирифторони коронавирусро дар 24 соати гузашта сабт кардаанд.
Ба гуфтаи мақомоти Чех, шабонарӯзи гузашта наздики 15 ҳазор нафар ба коронавируси нав гирифтор шудаанд, ки ин боиси андешидани тадбирҳои шадидтар шудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Чех як силсила амру фармонҳое содир кард, ки дар шароити афзоиши бесобиқаи ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус дар ин кишвари аврупоӣ маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мешавад.
Нахуствазир Андрей Бабиш дар нишасти матбуотии рӯзи 21-уми октябр гуфт, ки то 3-юми ноябр фурӯшгоҳҳои аз назари аҳамият дуюмдараҷа баста шуда, ҳаракати одамон ба ҷуз дар ҳолатҳои зарурии мисли рафтан ба кор, хона ва ё хариди хӯроку доруворӣ манъ мешавад.
Бабиш гуфт: “Барои қабули қарор дар бораи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои нав мо хеле фикр кардем, вале ба назари ман, пеш аз ҳама ва муҳимтар аз ҳама ин аст, ки мо ҷони ҳамватанони худро ҳифз кунем. Ин далели асосии қабули чунин қарор буд”.
Тадбирҳои нави маҳдудкунанда дар ҳоле гирифта шуданд, ки мақомоти беҳдоштӣ рӯзи 21-уми октябр гуфтанд, дар як шабонарӯзи гузашта дар саросари Ҷумҳурии Чех наздики 12 ҳазор нафари нав ба коронавирус гирифтор шудаанд.
Дар як ҳафтаи охир дар саросари Ҷумҳурии Чех 464 нафар қурбони коронавирус шуда, шумори умумии талафоти инсонҳо ба 1619 нафар расид. Дар маҷмӯъ дар саросари ин кишвар то ҳол тахминан 194 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд ва ин омор барои кишваре бо 10,7 миллион аҳолӣ хеле баланд ба шумор меравад.
Вазири беҳдошт Роман Примула гуфт, ки пешбинӣ мешавад дар таърихҳои 11-уми ноябр авҷи олудагӣ ба коронавирус дар ин кишвар мушоҳида шавад.