Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев санаи интихоботи аъзои маҷлис, палатаи поёнии порлумони ин кишварро 10 январи соли оянда таъйин кард.
"Санаи интихоботи навбатии маҷлиси порлумони Қазоқистон аз рӯи рӯйхати ҳизбӣ 10 январ ва санаи интихоботи навбатии вакилони маҷлис, ки аз сӯи Ассамблеяи мардуми Қазоқистон баргузида мешаванд, 11 январи соли 2021 таъйин карда шавад", - омадааст дар фармони Тоқаев, ки 21 октябр дар сомонаи ӯ нашр шуд.
Комиссияи марказии интихоботии Қазоқистон барои ташкили омодагиҳо ва баргузор кардани интихобот вазифадор шудааст.
Муҳлати ваколати маҷлиси кунунии Қазоқистон моҳи марти соли оянда ба поён мерасад. Дар маҷлиси кунунӣ аксари курсиҳо (84 курсӣ)-ро аъзои ҳизби ҳоким ба раҳбарии президенти пешин Нурсултон Назарбоев дар ихтиёр доранд. Дар маҷлис ду ҳизби рӯ ба ҳукумат - "Оқ жол" ва Ҳизби коммунистии Қазоқистон низ намояндагони худро доранд.
Аз 107 вакили маҷлис 98 танашон бар асоси рӯйхати ҳизбӣ ва боқӣ тавассути Ассамблеяи мардуми Қазоқистон баргузида мешаванд. Ин ассамблея як ниҳоди машваратиест, ки Нурсултон Назарбоев ҳаққи як умр раҳбарӣ кардани онро дорад.
Дар Қазоқистон баъди қабули Конститутсия дар соли 1995 ва ташкили порлумони дупалатаӣ ягон интихоботи вакилони маҷлис дар муҳлати муқарраршуда баргузор нашудааст.