Тоҷикистон барои ёфтани ҷасади ду сарбоз аз Афғонистон ёрӣ хост

Мақомот мегӯянд, Сироҷиддин Ятимов ва ҳамроҳаш Қандилҷон Воҳидов дар дарё ғарқ шудаанд

Мақомот барои ёфтани ҷасади ду сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз маъмурони наҷоти Афғонистон ёрӣ хостаанд.

Ба иттилои расмӣ, марзбонон Сироҷиддин Ятимов ва Қандилҷон Воҳидов рӯзи 30-юми сентябри имсол бо мақсади наҷоти як наврас дар ноҳияи Рӯшони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон худро ба дарё партофта, ғарқ шудаанд.

Умеда Юсуфова, сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, рӯзи 20-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски дар он сӯйи дарё Бадахшони Афғонистон қарор дорад, аз маъмурони наҷоти онҷо кумак хостаанд. Вай афзуд, ҳарчанд аз ирсоли нома беш аз як ҳафта мегузарад, ҳанӯз мунтазири посухи бахши умури изтирории вилояти Бадахшони ҳамсоя ҳастанд. "То замоне ки ҷасади сарбозон ёфт нашавад, амалиёти ҷустуҷӯ поён нахоҳад ёфт", -- гуфт Юсуфова.

Баръакси ин, Саидаҳмад Ятимов, падари Сироҷиддин Ятимов, яке аз сарбозон, рӯзи 20-уми октябр гуфт, дар масъалаи ҷустуҷӯи ҷасади писараш бо идораҳои дахлдор дар тамос мешавад, "вале ҳеч ҳаракате ба назар намерасад". "Чунин бепарвоӣ ва хомӯшӣ шубҳаи моро нисбат ба чӣ гуна ғарқ ва ё гум шудани фарзандон бештар мекунад. Аслан маълум нест, бо онҳо чӣ воқеа рух додааст", -- афзуд ӯ.

Қаблан низ пайвандони Сироҷиддин Ятимов айни нигарониҳоро баён карда буданд. Дертар дар саҳифаҳои шахсони наздик ба ҳукумат дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи мақомоти ноҳияи Рӯшон ва пайвандони сарбози дигар, Қандилҷон Воҳидов, наворҳо паҳн шуданд. Онҳо ба ҷиддӣ будани амалиёти ҷустуҷӯ таъкид доштанд.

Сироҷиддин Ятимови 22-сола, ба гуфтаи наздикон, ду сол пеш ба хизмати ҳарбӣ рафта, баъди шаш моҳи хизмат ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фиристода шудааст. Қарор буд, рӯзҳои наздик баъд аз адои хидмат ба хона баргардад.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Сироҷиддин Ятимов ва ҳамроҳаш Қандилҷон Воҳидов дар дидбонгоҳи сарҳадии рақами 5-и ноҳияи Рӯшон мехостанд, хонандаи синфи 10-и мактаби Вомарро наҷот диҳанд, аммо худ ғарқ шуданд.

Ин наврас бо қасди худкушӣ худро ба об андохтааст. Ҷасади ӯро рӯзи 30-юми сентябр ёфтаанд.

Волидони сарбози дигар Қандилҷон Воҳидов мегӯянд, ки мунтазир ҳастанд, кай ҷасади фарзандашонро пайдо мекунанд.

тафсилоти ҳодисаро дар инҷо хонед:

Ҷасади ду сарбози тоҷикро ҳанӯз наёфтаанд. Наздикон аз "норӯшаниҳо" ва шеваи ҷустуҷӯ розӣ нестанд. ВИДЕО“Хонандаро наҷот доданӣ буданд, худ, ғарқ шуданд”. Дар Бадахшон ду сарбозро меҷӯянд