Маҷмаи рӯҳониёни мусалмон, як созмони динӣ дар Русия, тасмим гирифтааст, ки дар 18 минтақаи ин кишвар барои кумак ба муҳоҷирон марказҳои ҳифзи ҳуқуқ боз кунад. Ёрии ҳуқуқӣ ба муҳоҷирон, пешгирӣ аз ифротгароӣ ва ҷинояткорӣ дар миёни шаҳрвандони хориҷӣ яке аз ҳадафҳои ташкили марказҳои имдодӣ гуфта мешавад. Албир Крганов, раиси Маҷмаи рӯҳониёни мусалмон дар Русия, мегӯяд, дар бештари маврид муҳоҷиронро корфармоён истифода мебаранд ва шаҳрвандони хориҷӣ наметавонанд аз ҳуқуқи худ ҳимоят кунанд. Бинобар ин, ба марказҳои кумакрасон шаҳрвандон новобаста ба дину миллатшон метавонанд муроҷиат намоянд. Маҷмаи рӯҳониёни мусалмон дар Русия барои муҳоҷирон телефонҳои бовариро фаъол кардааст.