Дебат ё музоҳираи баъдии миёни президенти ИМА Доналд Трамп ва рақиби демократи ӯ Ҷо Байден дар баҳс ё мунозираи баъдии интихоботиашон аз рӯи қоидаи нав амал хоҳанд кард: ба ҳангоми изҳориназарҳои як нафарашон микрофони дигарашон хомӯш мешавад. Президенти комиссиюни дебатҳо рӯзи 19-уми октябр гуфт, ки ба хотири такрор нашудани ҳарфбуриҳои баҳси гузашта ва ҳам мушкилоти фанние, ки дар натиҷа боиси нофаҳмиву ҳамлаҳои лафзӣ мешаванд, қарор шуд дар ҷараёни баҳс бояд микрофон хомӯш шавад. Баҳси навбатии номзадҳои 22-юми октябр баргузор мешавад. Комиссиюн дар як изҳорот гуфт, ки умедвор аст номзадҳо “ба вақти ҳамдигар эҳтиром қоил мешаванд ва ин баҳс барои эҷоди як дебати маданӣ мусоидат мекунад”. Тими Трамп ба ин тағйирот мухолифат кард, вале гуфт, ки бо ин вуҷуд Трамп иштирок хоҳад кард. Микрофонҳои бастаи рақибон иҷоза медиҳад, ки ҳар номзад дар оғози баҳс 2 дақиқа вақтро барои изҳориназарҳои бемонеаи назарҳояш хоҳад дошт. Баъди ин ҳарду микрофон барои баҳси озод боз хоҳанд монд. Дебати навбатӣ охирин дар остонаи интихоботи 3-юми ноябр хоҳад буд.