Дар Қирғизистон пешниҳод доранд, ки барои пардохти қарзи давлатӣ аз Чин маъракаи ҷамъоварии маблағ аз сокинон роҳандозӣ шавад. Дар ин бора рӯзи 18 октябр вакили порлумони Қирғизистон Айнура Олтибоева хабар дод.
"Мо шароит фароҳам меоварем, ки ин раванд шуруъ ва идома пайдо кунад. Ҳоло чорабиниҳои омодагӣ идома доранд, шароити таъсиси суратҳисоби бонкӣ ҳал шудааст. Баъди гуфтугӯ бо вазорати молия масъалаи кушодани суратҳисобро ҳал мекунем. Раванди ҷамъоварии маблағ шаффоф хоҳад буд", - гуфт Олтинбоева.
Моҳи сентябри соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Чин Ван И ба Қирғизистон омада буд. Вай бо президенти пешини Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков аз ҷумла дар мавзуи тамдиди муҳлати баргардонии қарзҳои Чин суҳбат кард.
Ба иттилои расмӣ, қарзи хориҷии Қирғизистон 4 миллиарду 169,6 миллион долларро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 1 млрд 776,29 млн доллар аз Чин аст.