Абдулло Абдулло, раҳбари ҳайати музокиротии Афғонистон рӯзи 18-уми октябр ба Эрони ҳамсоя сафар кард, то давоми се рӯз бо мақомоти эронӣ дидору гуфтугӯ анҷом диҳад. Ин дар ҳолест, ки дар шаҳри Давҳаи Қатар музокироти сулҳи ҳукумати Афғонистон ва раҳбарияти гурӯҳи шӯришии Толибон идома дорад ва ҷонибҳо то ҳол дар масъалаи сохтори музокираҳое, ки ҳадафаш хатми ҷангҳои 19-солаи Афғонистон аст, ба мувофиқа даст наёфтаанд. Эрон бозигари муҳими минтақавӣ ба шумор меравад. Доктор Абдулло дар Твиттераш навишт, ки дар мулоқот бо мақомоти эронӣ роҷеъ ба сулҳи Афғонистон ва дигар масоили марбут ба ҳамкориҳои дарозмуддати дуҷониба сӯҳбат мекунад. Рӯзи 18-уми октябр расонаҳо аз мулоқоти ӯ бо вазири хориҷаи Эрон Ҷавод Зариф хабар доданд.
Қабл аз ин ӯ бо айни чунин барнома дар Покистон буд. Муносибатҳои Эрони ғолибан шиамазҳаб бо гурӯҳи шӯришии аксар аъзояш суннимазҳаби Толибон печида аст. Эрон расман бо Толибон дар ихтилоф аст, вале коршиносон мегӯянд, ки Теҳрон ба ҷангиён ва гурӯҳҳои ҷудоиталаби дохили ин гурӯҳ кӯмакҳои муайяни низомӣ мекунад.