Ҷаласаи якҷояи ду палатаи порлумон даъват шуд. Э.Раҳмон савганд ёд мекунад?

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми овоздиҳӣ дар интихоботи 11-уми октябри 2020

Рӯзи 30-юми октябр дар Душанбе ҷаласаи якҷояи вакилони Маҷлиси Намояндагон ва аъзои Маҷлиси Миллии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора 15-уми октябр қарори раиси порлумон Маҳмадтоҳир Зокирзода ба тасвиб расид.

Мақомот сабаби ҷаласаи якҷояро шарҳ надодаанд. Хабаргузории “Азия-Плюс” навишт, ки қарор аст дар он рӯз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун президенти Тоҷикистон савганд ёд кунад.

Хабаргузорӣ бо такя ба манобеаш навишт, “дар ин маросим гузашти низомӣ сурат мегирад ва маросим дар Кохи Сомон ва Қасри Миллат баргузор мешавад.”

Бино ба Қонуни асосии Тоҷикистон, раиси ҷумҳур баъди интихоб шуданаш дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллӣ савганд ёд мекунад.

Интихоботи ахири президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр баргузор шуд. Кумисюни марказии интихобот гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар муқоиса ба чаҳор номзади дигар раъйи бештар ба даст овард ва бори панҷум раиси ҷумҳур шуд.

Мухолифон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон натиҷаи овоздиҳиро напазируфтаанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 ба ин тараф дар сари қудрат аст. Ӯ ду соли аввал ҳамчун раиси Шӯрои олии Тоҷикистон кор кардааст.

Мухолифон ҳукумати ӯро ба саркӯби дигарандешон ва маҳдуд кардани озодиҳои сиёсиву динӣ ва баён муттаҳам мекунанд, аммо ҷонибдоронаш бунёди роҳҳову нирӯгоҳҳои бузургро ҳосили талошҳои ӯ медонанд.