Катя Андрутс, сухангӯйи Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), як ниҳоди вобаста ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, гуфт, ҳайати хурди коршиносони онҳо раванди интихоботи Тоҷикистонро танҳо дар Душанбе назорат карданд ва ба минтақаҳо сафар надоштанд. Ӯ рӯзи 12-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:
“Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон якчанд шакли назорати интихоботҳоро дорад. Интихоботи президентии Тоҷикистонро, ки дирӯз баргузор шуд, як гуруҳи хурди нозирон мушоҳида карданд. Гуруҳ аз 7 коршинос иборат буд, ки танҳо дар Душанбе қарор доштанд. Ҳайати назорати интихобот рӯзи 28-уми сентябр кори худро оғоз кард ва ин гуруҳ то 17-уми октябр дар Тоҷикистон мемонад.”
Хонум Андрутс гуфт, арзёбии ниҳоии коршиносон бо шумули машваратҳо ҷиҳати ислоҳи раванди интихобот тақрибан пас аз 8 ҳафта нашр хоҳанд шуд. Вай гуфт, коршиносон бештар рӯйи ташкил ва ё мудирияти маъракаи интихобот, сармоягузории маъракаи таблиғотӣ ва шеваи бозтоби интихобот дар расонаҳо тамаркуз хоҳанд кард.