Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков қарореро имзо кард, ки бар асоси он дар ҳудуди шаҳри Бишкек такроран вазъи фавқулода ҷорӣ шуд.
Дар қарори Ҷеенбеков омадааст, дар робита ба идома кардани вазъи ноустувор ва хатар ба ҳаёту саломатии одамон, ки баъд аз бетартибиҳои оммавӣ ба миён омад, дар шаҳри Бишкек аз 12-уми октябр то 19-уми октябр ҳолати фавқулода эълом карда мешавад.
Алмосбек Орозалиев, муовини вазири корҳои дохилии он кишвар комендант ё фармондеҳи ҳолати фавқулода таъйин шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Ҷеенбеков ҳанӯз 9-уми октябр дар шаҳри Бишкек "бо ҳадафи ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ ва танзими тартиботи ҷамъиятӣ" ҳолати фавқулода эълом карда буд. Дар он шаҳр аз соати 20:00 то 08:00 қуюди шабгардӣ ҷорӣ аст.
Ҳизбҳои мухолифи Қирғизистон баъди эъломи пирӯзии чор ҳизби наздик ба ҳукумат дар интихоботи порлумонии 4-уми октябр дар шаҳри Бишкек тазоҳурот баргузор карданд, ки ба занозанӣ миёни сокинон ва кормандони пулис печид. Дар натиҷа эътирозгарон бинои ҳукумат, порлумон ва Кумитаи амнияти миллии Қирғизистонро ғасб ва сиёсатмадорони зиндониро озод намуданд.
Яке аз ин сиёсатмадорон Содир Жапаров аст, ки бо вуҷуди эътирози як қатор ҳизбҳо сарвазири нави Қирғизистон таъйин шуд. Ҷонибдорони Жапаров мегӯянд, раҳоии ӯ қонунӣ буд ва Додгоҳи олии ин кишвар низ вайро сафед кард. Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ки аз сӯи эътирозгарон боздошт шуда буд, дубора ҳабс гашт.