Чанде аз вакилони Қирғизистон мехоҳанд, Жапаровро аз мақоми сарвазирӣ маҳрум кунанд

Чанде аз вакилони порлумони Қирғизистон гуфтанд, таъйини Содир Жапаров ба курсии сарвазирӣ ғайриқонунӣ аст.

Аида Қосималиева, ноиб-раиси порлумони Қирғизистон гуфт, қарори порлумон бидуни иштироки шумори ҳатмии вакилон сурат гирифтааст.

"Вақте ман рафтам, квориум (шумори ҳатмии вакилон) ҷамъ нашуд. Ҳамон замон дар толор 46 вакил буд. Тибқи дастур, бояд на камтар аз 61 вакил ҳузур медошт", - гуфт Қосималиева.

Вакилони дигар ҳам аз ин мавқеи Қосималиева ҳимоят мекунанд.

"Бояд вакилонро ҷамъ ва аз сари нав ҷаласа баргузор кард. Сарвазир бояд бо роҳи қонунӣ интихоб шавад. Президент набояд фармони таъйини Жапаровро ба мақоми сарвазирӣ имзо кунад. Дар ғайри сурат ҳуҷҷат ғайриқонунӣ хоҳад буд", - афзуд Қосималиева.

Рӯзи шанбеи гузашта порлумони Қирғизистон Содир Жапаров, раиси ҳизби мухолифи "Мекенчил"-ро ба мақоми сарвазирӣ таъйин кард. Жапаровро рӯзи 6 октябр аз зиндон озод карданд.