Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми раъйдиҳӣ бо хабарнигорон суҳбат накард, аммо аз "рӯзи хуб" гуфт. ВИДЕО

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми овоздиҳӣ. 11-уми октябри 2020

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар бинои литсейи рақами 3-и Душанбе раъй дод. Раҳмон бо хабарнигорон суҳбат накард ва танҳо аз раиси қитъаи интихоботӣ дар бораи теъдоди интихобкунандаҳо ва ширкати мардум дар райъдиҳӣ пурсид.

“Раҳмон: Чӣ қадар овоздиҳанда доред?

Масъули қитъаи интихоботӣ: Рӯзи бозор аст, истироҳат мекунанд одамон.

Раҳмон: Рӯзи нағз кард. Саломат бошед, муваффақият ба Шумо.”

Вуруд ба қитъаи раъйдиҳии рақами 15 дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки Эмомалӣ Раҳмон дар он раъй дод, зери назорати ҷиддии амниятӣ сурат мегирифт. Теъдоди мардум дар ин қитъа баъд аз соати 8 бештар шуд. Қабл аз раиси ҷумҳур, Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пешини Душанбе низ дар инҷо раъй доданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Эмомалӣ Раҳмон гуфт: "Рӯзи хубе кардааст"

Дар қитъаи раъйдиҳӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ замони ҳузури хабарнигорон нозирон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ду дафъа пайдо шуда, назорат карданд.

Алексей Чепа, нозир аз ИДМ гуфт, “он интихобкунандагоне, ки бори аввал раъй медоданд, туҳфаҳои хотиравӣ медиҳанд, ки ин ҳам хуб аст. Мо чанде қабл бо ҳамтоҳои худ вохӯрдем, суҳбат кардем, дар ҳоли ҳозир ягон қонуншиканиро ошкор накардаанд. Бояд тазаккур дод, ки тибқи тахминҳои мо то 45 дақиқаи пеш ҳудуди 20 дарсад раъйдиҳандагон ширкат доштанд, гумон мекунам, иштироки раъйдиҳандагон хуб аст.”

Ин интихоботи шашуми президентӣ дар Тоҷикистон аст. Аз соли 1994 ба ин тараф дар интихоботҳо Эмомалӣ Раҳмонро пирӯз эълон кардаанд ва 28 сол сари қудрат аст.

Нозирони САҲА ҳеч як аз интихоботҳои Тоҷикистонро аз замони дастёфти он ба истиқлол шаффоф ва озоду одилона унвон накардаанд.

Ҳизби сотсиал-демократ, ки дар ҳоли ҳозир ягона нерӯи мухолиф дар дохили Тоҷикистон дониста мешавад, интихоботи президентиро таҳрим карда, мухолифони дигар, ки дар хориҷ ба сар мебаранд, онро ғайриқонунӣ номидаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Интихоботи президентии Тоҷикистонро баргузоршуда эълон карданд"Гуфтанд, ки мо кор дорем, ба ҷойи мо овоз деҳ"Овоздиҳӣ дар яке аз нуқтаҳои раъйдиҳии пойтахтАбдуҳалим Ғаффоров умедвор аст, "натиҷаи дилхоҳ ба даст меорад"Имрӯз ба интихобот рафтед?Довталабони мансаби президенти Тоҷикистон дар интихоботҳои гузашта киҳо буданд? ВИДЕОТоҷикистон то Эмомалӣ Раҳмон чанд президент дошт? ВИДЕО