Русия мегӯяд, Озарбойҷон ва Арманистон ба оташбас розӣ шудаанд

Мулоқоти Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон

Вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, ки Озарбойҷон ва Арманистон ба созиши оташбас ва музокироти сулҳомез “моҳиятан” розӣ шудаанд, ки ҳадафи он поён додан ба даргириҳо дар Қарабоғи Кӯҳӣ аст.

Муноқишае, ки аз 27-уми сентябр миёни ду кишвар дар Қарабоғи Кӯҳӣ сар зад ва то ҳол давом дорад, бадтарин хушунат дар минтақа дар даҳ соли ахир номида мешавад.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия субҳи 10-уми октябр пас аз 12 соати музокироти бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон эълон кард, ки ҷонибҳо ба оташбас розӣ шудаанд.

Ба гуфтаи Лавров, оташбас соати 12-и шаби 10-уми октябр эътибор пайдо мекунад.

Ӯ гуфт, ки оташбас ба иваз кардани асирон аз ду тараф ва гирифтани ҷасади кушташудаҳо имкон медиҳад.

Нозирон ба ин боваранд, ки дар ин ҷанг даҳҳо низомӣ ва ғайринизомӣ кушта шудааст.

Лавров гуфт, ки Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх миёнарав хоҳад буд.

Ҳанӯз ҷониби Арманистон ва Озарбойҷон дар ин бора изҳорот надодаанд.

Пештар, вақте вазирони хориҷии ду кишвари даргир дар Маскав мулоқот мекарданд, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев гуфт, ки вай ба Арманистон "шонси охирин" барои ҳалли мусолиматомези низоъро медиҳад.

Ҷанг миёни ду кишвар ба сари Қаробоғи Кӯҳӣ аз охири солҳои 1980 оғоз шуд ва то кунун ҳар сол он такрор мешавад.

Қарабоғи Кӯҳӣ, ки он ҷо аксаран арманиҳо зиндагӣ мекунанд, замони Шӯравӣ хоки Озарбойҷон дониста мешуд. Арманистон ҳоло ин минтақаро зери назар дорад.

Ҷонибҳо бар асоси музокирот оташбас мекунанд, вале ҳар сол ин оташбас шикаста мешавад. Ҷонибҳо дар сар задани низоъ ҳамдигарро гунаҳкор мекунанд.