Қонунгузорон дар Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аъзои парлумон рӯзи 10 октябр дар қароргоҳи президент дар беруни Бишкек барои баррасии даъвати президент Сооронбой Ҷеенбеков дар заминаи даъвати вазъи фавқулодда дар пойтахт ва овоздиҳӣ барои интихоби нахуствазири нави кишвар ҷамъ мешаванд. Ҷаласа баъди он даъват шуд, ки Ҷеенбеков рӯзи 9-уми октябр дар шаҳр вазъи фавқулодда ҷорӣ кард ва дар пойтахт миёни гурӯҳҳои рақибе, ки дар талоши ғасби қудрат аст, задухӯрдҳо ба амал омад. Дар ҳамин ҳол гузоришҳо хабар медиҳанд, ки мошинҳои низомӣ дар кӯчаҳо дида шуданд. Тилек Токтогазиев, як хостори мақоми муовини нахуствазир дар миёни панҷ шахси захмишуда аст, ки дар натиҷаи задухӯрди тарафдорони собиқ президент Алмосбек Отамбоев ва рақиби сиёсии ӯ Содир Ҷапаров мебошад. Эътирозгароне, ки рӯзи 6-ми октябр ҳукуматро тасарруф карданд, Отамбоевро аз боздошт озод карданд. Отамбоев аз моҳи июн дар боздоштгоҳ ҳукми 11 соли зиндонро бар асоси иттиҳоми фасод пуштисар мекард. Ҷапаровро рӯзи 6-уми октябр бархе гурӯҳҳо ба мақоми нахуствазирӣ пешбарӣ карданд. Ӯ низ аз боздоштгоҳ озод шуд. Ҷапаров барои одамрабоӣ ба ҳукми тӯлонии зиндон маҳкум шуда буд. Ҷапаров дар гузашта як узви баландпояи ҳукумати Қирғизистон ва як мушовири собиқ президент Қурмонбек Боқиев буд.