Ҷанг байни нерӯҳои озарӣ ва арманӣ барои Қаробоғи Кӯҳӣ, ки вилояти арманинишини Озарбойҷон аст, идома дорад.
Аз рӯзи оғози ҷанг, 27-уми сентябри имсол, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, ба пуштибонӣ аз ҳамсоякишвараш бархост. Бо вуҷуди тафриқаи амиқи сиёсӣ дар байни худи туркҳо, дар Туркия ҳимояти васеъ аз Озарбойҷон дида мешавад, чун фарҳангу забони ду мардум тақрибан як аст.
Коршиносон мегӯянд, дахолати Туркия ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон барои Қаробоғи Кӯҳӣ метавонад, пайомадҳои бад дошта бошад.
Илҳом Узгел, таҳлилгари робитаҳои байналмилалӣ, гуфт, “ҳукумати Туркия барои ёрӣ ба Озарбойҷон аз ҳимояти қавии мардум бархурдор аст. Туркҳо ба озарбойҷониҳо бовар доранд. Туркия ба Озарбойҷон кумакҳои низомӣ мекунад ва ҳарду аз назари фарҳангӣ, қавмӣ ва забонӣ наздик ҳастанд. Ҳамаи ин якҷо Озарбойҷонро як шарики боарзиш мекунад.”
Туркия як фурӯшандаи муҳими силоҳ ба Озарбойҷон аст ва ду кишвар робитаҳои наздики низомӣ доранд. Дронҳои Туркия дар амалиёти Озарбойҷон дар Қаробоғи Кӯҳӣ нақши муҳим доранд.
Арманистон Туркияро муттаҳам кард, ки мустақим вориди ҷанг шудааст. Аксҳои ҳавопаймои сарнагуншудаашро Арманистон рӯзи сешанбе нашр кард ва гуфт, ки нерӯҳои Туркия онро задаанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Арманистон ҳамчунин Туркияро ба фиристодани ҷангҷӯёни Сурия ба Озарбойҷон муттаҳам кард. Ҳизби ҳокими Адолат ва тавсиа гуфт, асос надорад.
Умар Челик, сухангӯйи Ҳизби адолат ва тавсиа гуфт, “онҳо мегӯянд, Туркия ҳавопайморо зад, ки ҳақиқат надорад ва дурӯғ аст. Мисли иддаои фиристодани ҷиҳодиён. Ҳарду дурӯғ аст.”
Ҷанги Қаробоғи Кӯҳӣ муноқишаи дигаре шуд, ки Туркия дар он дахил аст. Дасти Туркия дар низоъҳои Сурияву Либия ҳам ҳаст. Туркия аз ҳамин роҳ нуфузашро доман задааст, вале ба гуфтаи коршиносон метавонад, ин кораш ба обрӯи узви НАТО дар сатҳи байналмилал зарба занад.
Атилла Йесилада, мушовири сиёсӣ мегӯяд, “мо тамоми бозигарони минтақаӣ, Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳоди Аврупо ва Русияро ба равиши нодуруст савқ медиҳем. Агар инро барои ҳадафҳои худ мекунем, вале гоҳе барои гирифтани пеши роҳи мо баъзе аз бозигарон бо таҳримоти иқтисодиву дипломатӣ қасос мегиранд. Ҳадафи аслии Туркия аввал бозигар шудан буд, вале ба вайронгари бозӣ табдил ёфт.”
Даъватҳои байналмилалӣ барои қатъи ҷанг меафзояд, вале даргириҳо идома дар Қаробоғи Кӯҳӣ идома дорад. Туркия ҳам зоҳиран кумак ба Озарбойҷонро зиёд мекунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Вазъият дар Қаробоғи Кӯҳӣ "муташанниҷ шудааст"Даргириҳои Қарабоғ. Ҷонибҳо шаҳрҳои калони минтақаро бамборон кардандРусия пешниҳоди мизбонии гуфтугӯҳо бар сари муноқишаи Қарабоғи Кӯҳиро додДар Қарабоғи Кӯҳӣ миёни Арманистону Озарбойҷон задухурди хунин рух додОташи таниш дар марзи Арманистону Озарбойҷон фӯру нанишаст. ВИДЕОИлҳом Алиев: "Назари Тоҷикистон дар масъалаи Қарабоғ одилона аст"Аслов: Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли сулҳомези низои Қарабоғ аст