Сироҷиддин Аслов, ки бо як сафари расмӣ дар Арманистон қарор дорад, зимни нишасти хабарии хеш ба хабарнигорон иброз доштааст, ки "дар масъалаи низои Қарабоғ Тоҷикистон дар мавқеаш устувор аст. Ин низоъ бояд танҳо бо роҳи мусолиматомез ҳал шавад."
Аслов, ки 2 июл вориди Арманистон шуда, бо раисҷумҳури ин кишвар Серж Саргсян ва ҳамтояи арманиаш Эдвард Налбандян дидору суҳбат дошт, гуфт, дар ин мулоқот ба эътидол овардани низои Қарбоғ ҷойгоҳи хосса доштааст. Аслов бо изҳори таассуф аз талафоти моливу ҷонӣ дар даргириҳои моҳи апрели соли равон дар минтақаи Қарбоғи кӯҳӣ гуфтааст: “Мо манфиатдорем, ки ба ташаннуҷи авзоъ ва табдил ёфтани он ба амалиётҳои калони ҷангӣ, роҳ дода нашавад."
Минтақаи ғолибан арманитабори Қаробоғи кӯҳӣ дар қаламрави Озарбойҷон ҷой гирифта, дар оғози солҳои 1990 шоҳиди даргириҳои хунин буд, ки бар асари он ҳудуди 30 ҳазор нафар кушта шуданд. Дар пайи таъсиси ба истилоҳ хати оташбас дар марзи миёни Қаробоғи кӯҳиву Арманистон аз соли 1994 ба ин тараф пайваста задухӯрду тирандозӣ сурат мегирад ва то ҳол дар баҳси миёни ду ҳамсоя нуқта гузошта нашудааст.
Ба ҷуз аз масъалаи низои Қарабоғ, Сироҷиддин Аслов бо раисҷумҳури Арманистон ва ҳамтои армании хеш масъалаи робитаи ду кишвар дар доираи Паймони амнияти дастҷамъӣ ва сафари қарибулвуқӯи Эмомалӣ Раҳмон ба Арманистонро баррасӣ кардааст.
Арманистон ҳамчун кишвари узви СПАД ҳоло роҳбари ин паймонро бар ӯҳда дорад ва Аслов ба Арманистон барои дастгирии Тоҷикистон дар амри расонидани кӯмакҳои техникиву низомӣ дар тақвияти нерӯҳои марзии Тоҷикистон изҳори минатдорӣ баён кардааст. Аслов гуфт, барои Тоҷикистон ин кӯмакҳои низомӣ дар пасманзари бад шудани авзои амниятӣ дар Афғонистон хеле муҳиманд.
Зимнан, имрӯз 3-уми июл Сироҷиддин Аслов дар ҷаласаи навбатии СПАД, ки дар шаҳри Ереван пойтахти Арманистон баргузор мешавад ширкат хоҳад кард.
Тоҷикистон то ба ҳол талош мекард, дар мавриди низои Қарабоғ, ошкоро назари худро баён накунад. Чунки Тоҷикистон бо Озарбойҷон равобити густардаи иқтисодӣ доранд ва дар як ҷониби низоъ қарор гирифтани Тоҷикистон метавонад ин муносибатҳоро хашадор кунад.
Ҳарҷанд дар суханронии хеш Сироҷиддин Аслов хеле эҳтиёткорона дар мавриди Қарбоғи кӯҳӣ ҳарф зад, аммо сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Маҳмадазимов мегӯяд, узвияти Тоҷикистону Арманистон дар зери чатри як паймони низомӣ кишварро водор мекунад бештар дар паҳлӯи ҳампаймонҳои хеш қарор бигирад:
“Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ сол аз сол пурқувват мешавад, ҳарчанд таҳдидҳои амниятӣ низ ба кишварҳои узви ин паймон меафзояд. Мо ва Арманистон узви як паймони ҳарбӣ ҳастем. Мо бояд одат кунем, ки аз шарикони худ дар ин паймон дастгирӣ кунем. Яъне вақте ягон мушкил пеш меояд, Тоҷикистон ба Арманистон ва дигар кишварҳои узви ин паймони низомӣ бояд такя кунад.“
Мамадазимов афзуд, Тоҷикистону Арманистон ба ҷуз ин, ки кишварҳои аз ҷиҳати амният осбепазири як паймон - СПАД ҳастанд, дигар муштаракоти зиёде надоранд. Гардиши савдои миёни ду кишвар низ хеле ночиз аст.