Боздошти яке аз бародарон Матраимовҳо - хонаводаи соҳибнуфуз ва ҷанҷолии Қирғизистон

Тилек Матраимов

Ҳангоми талоши убури ғайриқонунии марзи давлатии Қирғизистон бо Узбекистон Тилек Матраимов, яке аз бародарони Раим Матраимов, муовини пешини раиси хадамоти гумруки Қирғизистон боздошт шуд.

Мақомоти Қирғизистон хабар медиҳанд, ки Тилек Матраимов бо писар, бародарзода ва муҳофизи шахсиаш аз сӯи марзбонони Узбекистон боздошт шудааст.

Айни замон масъалаи истирдоди онҳо ба ҷониби Қирғизистон баррасӣ мешавад.

Тилек Матраимов ҳашт сол раиси ноҳияи Қара-Сууи вилояти Уши Қирғизистон буд. Вай пеш аз интихоботи порлумонии 4 октябр истеъфояшро эълом кард. Тилек Матраимов бародари Раимбек Матраимов, муовини раиси пешини хадамоти гумруки Қирғизистон аст.

Ба навиштаи расонаҳо, хонаводаи Матраимовҳо дар чанд соли охир зиёда аз 700 миллион долларро "ғайриқонунӣ" аз Қирғизистон ба хориҷ бурдааст. Ин хонавода дар интихоботи порлумонӣ аз ҳизби "Мекеним Қирғизистон" ҳимоят мекард. Ҳизби мазкур бо соҳиб шудани бештар аз 20 дарсади раъйи мардум мебоист, вориди порлумон шавад.

Баъди эъломи натиҷаҳои интихобот дар рӯзи 5 октябр дар Қирғизистон эътирози ҳизбҳои сиёсӣ шуруъ шуд. Эътирозгарон бинои порлумон ва дафтари раисҷумҳурро "ғасб" ва чанд тан аз зиндониёни сиёсиро аз маҳбас озод карданд. Рӯзи 6 октябр Комисияи марказии интихоботӣ натиҷаҳои интихоботро бекор кард.