Президентҳои Узбекистону Қазоқистон -- Шавкат Мирзиёев ва Қосимҷомарт Тоқаев 7 октябр дар як суҳбати телефонӣ вазъ дар Қирғизистонро баррасӣ кардаанд.
"Раҳбарони Узбекистону Қазоқистон изҳори умедворӣ карданд, ки вазъ дар Қирғизистон бар асоси меъёрҳои Конститутсия ва қонунгузории ин кишвар базудӣ ба эътидол хоҳад омад", - иттилоъ додааст хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон.
Тоқаев изҳор доштааст, ки "дар Қазоқистон тақвияти ҳампаймонӣ ва шарикии стратегӣ бо Қирғизистони бародарро муҳим мешуморанд".
Вазорати умури хориҷии Узбекистон низ дар робита ба вазъи ахири Қирғизистон изҳортеро нашр кардааст. "Дар Узбекистон аз ҳаводиси ахир ва ташаннуҷи вазъ дар Қирғизистон сахт нигаронанд. Узбекистон ҳамчун ҳамсояи наздик ва шарики стратегӣ умедвор аст, ки вазъ дар Қирғизистон тибқи Конститутсия ва қонунҳои он кишвар базудӣ ба эътидол хоҳад омад", - омадааст дар изҳорот.
Ҳамчунин қайд шуда, ки Узбекистон омодааст, ба мардуми қирғиз ҳамаҷониба кумак намояд.
Президенти Русия Владимир Путин низ дар суҳбат бо телевизиони "Росссия 1" роҷеъ ба вазъи Қирғизистон изҳори нигаронӣ кардааст.
"Чанде пеш интихоботи порлумонӣ баргузор шуд. На танҳо нозирони байналмилалӣ, балки намояндагони Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ҳам онро баргузоршуда ва демократӣ номиданд. Он чи ки баъди интихобот дар онҷо баргузор шуд, наметавонад моро нигарон насозад. Умедворем, ҳама чиз аз тариқи осоишта пушти сар мешавад. Умедворем, раванди сиёсии демократӣ ва муътадил барқарор хоҳад шуд. Бори дигар такрор мекунам, ки ин кор бояд ҳар чи зудтар анҷом шавад", - изҳор дошт Путин.
Эъломи натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябр боиси гирдиҳамоии ҳизбҳои сиёсӣ дар майдони марказии шаҳри Бишкек шуд. Пирӯзии ҳизбҳои наздик ба ҳукумати Қирғизистон боиси норозигии аҳзоби мухолифи ҳукумат шуд.
Шаби 5 ба 6 октябр эътирозгарон Кохи сафед ва биноҳои мақомоти қудратиро ғасб ва президенти пешини он кишвар Алмосбек Отамбоев, вакили пешин Содир Жапаров ва чанд сиёсатмадори дигарро аз зиндон озод карданд.