Нигаронии 39 кишвари узви СММ аз нақзи ҳуқуқи инсон дар Чин

Минтақаи Хутани Шинҷон дар Чин. Акс аз бойгонӣ.

Гуруҳи иборат аз 39 кишвар -- узви СММ Чинро барои сиёсатҳои пешгирифтааш дар минтақаи худмухтори Шинҷон ва Ҳонгконг шадидан интиқод карданд.

Изҳороти сафири Олмон дар ин созмон Кристоф Хёйсгенро аксари кишварҳои Аврупо, ИМА, Австралия, Ҷопон, Канада, Зеландияи Нав ва давлатҳои дигар ҷонибдорӣ карданд.

Дар санад, аз ҷумла дар робита ба мавҷуд будани шабакаи "марказҳои бозтарбия" дар Шинҷон ва "нақзи ошкорои ҳуқуқи инсон" дар минтақа сахт изҳори нигаронӣ шудааст.

"Роҷеъ ба озодии дин ё эътиқод, озодии ҳаракат, изҳори назар ва фарҳанги уйғурӣ маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ аст. Таъқиби густардаи уйғурону ақалиятҳои дигари қавмӣ ва назорати шадиди таваллуд идома дорад", - омадааст дар изҳорот.

Кишварҳои узви СММ аз Чин даъват кардаанд, ки фавран дастрасии комил ва бидуни монеаи нозирони мустақил ба раҳбарии комиссари олии созмон дар умури ҳуқуқи инсонро ба минтақаи Шинҷон таъмин карда, аз боздоштҳои худсаронаи уйғурҳо ва намояндагони ақалиятҳои қавмии дигар даст бардорад. Ҳамчунин аз Пекин даъват шуда, ки "худмухторӣ, ҳуқуқ ва озодӣ дар Ҳонгконгро ҷонибдорӣ намуда, мустақил будани низоми додгоҳиро эҳтиром кунад".

Чин ба хотири нигаҳдории иҷбории беш аз як миллион уйғур, қазоқтабор ва намояндаи ақалиятҳои дигари мусулмон дар "марказҳои бозтарбия"-и Шинҷон аз соли 2017 ба ин сӯ мавриди интиқоди ҷомеаи байналмилалӣ қарор дорад. Худи Пекин иттиҳомро рад карда, урдугоҳҳоро "марказҳои омӯзишӣ"-е меномад, ки гӯё ба хотири мубориза бо терроризму экстремизм таъсис дода шудаанд.