Маркази барқу гармидиҳии Душанбе фаъол шуд, хонаҳои мардум дар зимистон гарму рӯшан мешавад?

Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе рӯзи 6-уми октябр ба кор оғоз кард. Мақомот ҳушдор медиҳанд, ки имсол сардӣ барвақт фаро расидааст ва дар бист соли ахир бесобиқа будааст.

Дар солҳои пеш Маркази барқу гармидиҳӣ дар миёнаҳои моҳи ноябр ба интиқоли гармӣ ва нерӯи барқ ба хонаи сокинон сар мекард. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати “Барқи тоҷик” гуфт, "марказ дар рӯзҳои нахуст 50 мегаватт соат ва сипас то 150 мегаватт нерӯи барқ тавлид мекунад. Ин кумак мекунад, ки сокинони шаҳри Душанбе бо барқу гармӣ таъмин шаванд."

Дар ҳамин ҳол, Ҷамила Байдуллоева, як масъули Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, "дар баъзе аз минтақаҳо ҳарорати шабона ба сифр расид. Дар бист соли ахир бесобиқа аст. Маъмулан, дар ин моҳ ҳарорати ҳаво дар водиҳо гарм мешуд. Омадани ҳавои сард аз Сибир ва Урали Русия боис ба паст шудани ҳарорат дар Тоҷикистон шуд."

Нодира Сулаймонова, як сокини маҳаллаи маъруф ба “65”-и шаҳри Душанбе мегӯяд, манзилаш танҳо бо нерӯи барқ гарм мешавад ва дар зимистон маҷбур мешавад ҳар моҳ аз ҳисоби нафақапулӣ маблағи зиёд пардохт кунад. Вай гуфт, масъулини ноҳия се сол боз ваъда медиҳанд, ки бинои онҳоро ба қубури гармидиҳӣ пайваст мекунанд, вале ҳанӯз иҷро нашудааст.

Тоҷикистон дар фасли сармо бештар бо камбуди нерӯи барқ рӯбарӯ мешавад, вале мақомот мегӯянд, чанд сол ба ин сӯ ин мушкил аз байн рафтааст.