"Кӯҳнаҳо бояд бираванд." Идомаи эътирозҳо дар Қирғизистон

Қирғизистон, 7-уми октябр, 2020.

Рӯзи 7-уми октябр дар Бишкек ва минтақаҳои дигари Қирғизистон намоишҳои эътирозӣ идома кард.

Вазъият дар Қирғизистон баъди он печида шуд, ки Комиссияи марказии интихобот рӯзи 5-уми октябр гуфт, дар интихоботи рӯзи якшанбе (4-уми октябр) чаҳор ҳизби рӯ ба ҳукумат баранда шуданд.

Мухолифон ба нишони эътироз ба натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ ба майдонҳо рехтанд ва бинои ҳукумату порлумон ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро “ишғол карданд”. Онҳо гуфтанд, дар интихобот тақаллуби зиёд ва харидани овози раъйдиҳандаҳо сурат гирифтааст.

Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон рӯзи 6-уми октябр натиҷаҳои интихоботро бекор кард ва нахуствазиру мақомҳои дигари баландпояи ҳукуматӣ низ ба истеъфо рафтанд.

Нозирони байналмилалии интихобот ҳам гуфтанд, ки ин масъала мавриди нигаронии онҳо мебошад. Дар ҷараёни задухӯрди эътирозгарон бо пулис як ҷавони 19-сола кушта шуд ва садҳо нафар захмӣ гардиданд.

ЭЪТИРОЗГАРОН СИЁСАТМАДОРОНИ “ПОК” МЕХОҲАНД

Рӯзи чоршанбе ҳазорҳо эътирозгар дар муқобили бинои ҳукумат ва майдони марказии Ала-Тоо дар Бишкек ҷамъ омада, ба ташкили ҳукумати нав аз ҳисоби сиёсатмадорони "пок" даъват карданд. Онҳо талаб намуданд, ки Тилек Токтогазиев сарвазир шавад.

Ин дар ҳолест, ки порлумон рӯзи 6-уми октябр ба ин мақом номзадии Содир Ҷапаровро пешниҳод кард. Ҷапаров дар зиндон буд. Ӯро шаби 5 ба 6-уми октябр озод карданд.

Матбуоти Қирғизистон навишт, тасмими пешбарии Ҷапаров ба мансаби нахуствазир як гурӯҳи мардумро ба хашм овард ва издиҳом ба меҳмонхонае, ки дар онҷо вакилон ҷаласа мекарданд, ҳамла намуд. Содир Ҷапаров маҷбур шуд, аз дари паси бино фирор кунад.

Шӯрои мардумии ҳамоҳангсоз, ки ба таври худхонда аз ҷониби чанд ҳизби мухолифи ҳукумат ташкил шудааст, рӯзи 7-уми октябр гуфт, ҳукумати Ҷапаровро эътироф намекунад ва раҳбарии ниҳодҳои давлатиро ба дасти худ гирифта, порлумонро пароканда мекунад.

ТАҶРУБАИ ТАҒЙИРИ ҚУДРАТ ДАР ҚИРҒИЗИСТОН

Ҳаводиси ахир дар Қирғизистон дар ҳоле босуръат тағйир меёбад, ки бебандубории сиёсӣ барои ин кишвар таҷрибаи нав нест. Дар давоми 15 соли гузашта дар натиҷаи эътирозҳо ду президент аз қудрат барканор шудаанд.

Русия, ки як ҳампаймони деринаи Қирғизистон аст, аз эътирозҳо дар ин кишвар изҳори нигаронӣ кардааст. Дар қаламрави Қирғизистон, ки ҳамчунин бо Чин марз дорад, пойгоҳи низомии ҳавоии Русия ҷойгир аст.

Эътирозгарон рӯзи 7-уми октябр гуфтанд, ки онҳо аз созмонҳои ҷавонон намояндагӣ мекунанд ва талабашон ин аст, ки "сиёсатмадорони кӯҳнаи фасодзада" аз ҳукумат дар канор биистанд. "Кӯҳнаҳо бояд бираванд", -- шиор медоданд эътирозгарон.

Раҳбари ҳизби мухолифи "Ота Макон" Ҷанар Оқоев рӯзи 7-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷаласаи шаби гузашта дар як меҳмонхона, вакилоне ҷамъ шуда буданд, ки ба президент Сооронбой Ҷеенбеков наздик ҳастанд ва ҳадафи онҳо дар қудрат нигаҳ доштани ӯст. Зимнан, макони будубоши Ҷеенбеков ду рӯз аст, ки номаълум мемонад.

“МАРДОНУ ЗАНОНИ БОИНСОФ ИНТИХОБ ШАВАНД”

Шӯрои ҳамоҳангсоз номзадии Абдилдаев ва Ҷапаровро, ки то ду рӯз пеш бар асоси иттиҳоми гаравгонгирӣ ба муҳлати тӯлонии зиндон маҳкум шуда, аз ҷониби эътирозгарон озод гардиданд, рад кард. Оқоев гуфт, хости онҳо ин аст, ки ба мақомҳои раиси порлумон ва нахуствазир "аз ҳисоби одамони одӣ мардону занони боинсоф" интихоб шаванд.

Дар саросари кишвар бисёре аз мақомдорон аз вазифа канор рафтаанд ва ё ба истеъфо додан маҷбур шудаанд. Айни замон муборизаи ҳизбҳои сиёсӣ барои инки чӣ касе дар ҳукуматҳо ба кор меояд, идома дорад. Дар бисёр ҳолатҳо маълум нест, ки раҳбарони нав бар асоси кадом қарору салоҳиятҳо сари кор омадаанд.

Мелис Мирзакматов, шаҳрдори пешини Ӯш, ки баъд аз шаш соли зиндагӣ дар табъиз ба ватан баргашт, рӯзи 7-уми октябр дар назди тарафдоронаш дар маркази Ӯш ҳозир шуд ва гуфт, "вазъият дар кишвар бисёр хатарнок аст" ва мардумро ба ваҳдати милливу роҳ надодан ба ҷанги дохилӣ даъват кард. Ӯ инчунин гуфт, интихобот "хеле ифлос" гузашт ва ба порлумон бояд шахсони шоиста роҳ дода шаванд.

Дар ҳамин ҳол, ҳизби мухолифи "Мекен Интимагӣ", "Чон ғазот", "Йиман нуру", "Ордо" ва "Реформа" рӯзи 7-уми октябр эълон карданд, ки шӯрои навро бо номи Шӯрои мардумии ҳамоҳангсоз таъсис медиҳанд.

Муовини вазири умури дохилӣ Алмос Орозалиев рӯзи 7-уми октябр гуфт, пулиси Бишкек вазъро назорат мекунад ва иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои дохилӣ Курсан Асанов ҳамчун комменданти масъули таъмини тартиботу қонун дар пойтахт ифои вазифа мекунад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба баъзе аз гузоришҳо, рӯзи 7-уми октябр афроди ношинос талош кардаанд ба дафтари ширкати канадаии тилобарории "Қумтор" ворид шаванд. Як рӯз пеш аз ин, чанд конкан дар бораи ҳамла ба дафтарҳои кориву таъсисоташон хабар доданд. "Қумтор" ширкати азими тилобарорӣ буда, моликаш ширкати канадаии Centerra Gold мебошад.

Навору матолиби бештар дар бораи ҳодисаҳои Қирғизистон дар инҷост:

Раҳмон бо Путин ва ҳамсояҳо вазъият дар Қирғизистонро баррасӣ кардаастҶээнбеков: "Ман президенти қонунӣ боқӣ мемонам""Вокуниш ба беадолатӣ". Нигоҳҳо аз Тоҷикистон ба он чӣ дар Қирғизистон мегузарадЭътирозгарон чӣ гуна дафтари раёсати ҷумҳурии Қирғизистонро ишғол карданд?Натиҷаҳои интихоботи Қирғизистон расман бекор шуд. ВИДЕОҲодисаҳои Қирғизистон. "Кохи Сафед" оташ гирифт, Отамбоев аз бинои КДАМ озод шуд. АКС, ВИДЕОЭътирозгарон дар Қирғизистон бинои порлумон, дафтари президент ва КДАМ-ро "гирифтаанд". ВИДЕО, АКСГирдиҳамоӣ дар Қирғизистон. Норозиён баргузории интихоботи навро талаб доранд. ПАХШИ ЗИНДА