Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон бо Путин ва ҳамсояҳо вазъият дар Қирғизистонро баррасӣ кардааст


Дар акс: Сооронбой Ҷеенбеков, Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз соли 2019
Дар акс: Сооронбой Ҷеенбеков, Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз соли 2019

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 7-уми октябр бо ҳамтоёнаш аз Русия ва Қазоқистону Узбекистон ҳодисаҳои ахири Қирғизистонро баррасӣ кардааст. Тарафҳо вазъият дар Қирғизистонро "буҳронӣ" ва музокиротро роҳи "ҳарчи зудтар ҳал шудани масъала" донистаанд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ин суҳбатҳо дар алоҳидагӣ ва телефонӣ сурат гирифт. Бино ба иттилои манбаъ, дар суҳбат бо Владимир Путин "атрофи масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, ба ташаннуҷи ташвишовари вазъ дар Қирғизистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд."

Дар суҳбат бо Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон ва Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбекистон низ айни масъала зикр шудааст. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон навишт, "ҷонибҳо аҳаммияти бо роҳи музокирот ҳарчӣ зудтар ҳаллу фасл намудани вазъияти бӯҳронии дар ин кишвари ҳамсоя баамаломадаро таъкид карданд."

Тафсилоти дигари суҳбатҳо дастрас нест.

Қирғизистон бо Тоҷикистону Узбекистон ва Қазоқистон ҳаммарз аст ва дар созмонҳои зери нуфузи Русия, аз ҷумла Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё узвият дорад.

Вазъият дар Қирғизистон баъди он печида шуд, ки мухолифон ба натиҷаҳои интихоботи порлумонии 4-уми октябр дар он кишвар эътироз карданд ва ба майдонҳо баромаданд. Онҳо гуфтанд, дар интихобот тақаллуби зиёд сурат гирифт ва асосан ҳизбҳои рӯ ба ҳукумат вориди порлумон шуданд.

Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон рӯзи 6-уми октябр натиҷаҳои интихоботро бекор кард, аммо рӯзи 7-уми октябр намоишҳои эътирозӣ идома кард.

XS
SM
MD
LG