Додгоҳе дар Беларус ду мардро, ки ҳангоми ширкат дар намоишҳои эътирозии зидди Александр Лукашенко бо полис занозанӣ карданд, ба зиндон маҳкум кард. Рӯзи 29-уми сентябр додгоҳе дар шаҳри Молодечно, ки дар наздикии Минск қарор дорад, ҳукм кард, ки Павел Песков ва Владислав Евстигнеев барои ба таври хушунатомез итоат накардан ба полис маҳкум ба зиндон мешаванд. Додрас Виктория Полошук ҳукм кард, ки Песков ба 3 солу 3 моҳи зиндон ва Евстигнеев ба 3 соли зиндон маҳкум мешаванд. Ин нафарон дар он гунаҳгор шуданд, ки дар намоишҳои эътирозии рӯзи 19-уми сентябр дар шаҳри Молодечно, ки истеъфои Лукашенкоро талаб мекарданд, бо полис заноназанӣ карданд. Дар ҷараёни ин эътирозҳо ширкатдорон, аз ҷумла Песков ва Евстигнеев полисро маҷбур карданд, ки як эътирозгари боздоштшударо озод бикунанд. Саркӯби эътироз аз ҷониби полис, ки видеояш ба шабакаҳо роҳ ёфт, хашми зиёди мардумро овард, чун яке аз кормандони ОМОН бо тапончае дар даст ба эътирозгарон таҳдид мекард. Дар Беларус рӯзи 9 август интихоботи президентӣ барпо ва Александр Лукашенко бо 80 дарсади раъйҳо баранда эълон шуд, вале ин натиҷаҳоро на мухолифон ва на садҳо ҳазор сокинони Беларус ҳамчун тақаллубшуда эътироф накарда, аз роҳи ширкат дар намоишҳои эътирозӣ ба чолиш кашиданд.