Академик Мӯсо Диноршоев даргузашт

Мӯсо Диноршоев.

Мӯсо Диноршоев, файласуфи маъруфи тоҷик, рӯзи 29-уми сентябр дар 86-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Яке аз наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфт, маросими видоъ бо ӯ соати 12-и рӯзи сешанбе дар маҳаллаи маъруф ба "7-ум километр"-и пойтахт баргузор мешавад.

Мӯсо Диноршоев 7-уми ноябри соли 1934 ба дунё омада, доктори илмҳои фалсафа, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино буд.

Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, солҳо дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон кор кард ва то мақоми мудири Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва муовини президенти Академия расид. Фарзанди ӯ Зарина Диноршоева ҳам аз пайи падар рафта, рисолаи докториашро дар фалсафа дифоъ кардааст.