Ҷазо барои хушунати хонаводагӣ дар Қазоқистон сахттар мешавад 

Хушунати хонаводагӣ. Акс аз бойгонӣ.

Ба иттилои вазорати корҳои дохилии Қазоқистон, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ниҳодҳои ин вазорат 130 ҳазор ариза дар бораи хушунати хонаводагӣ дарёфт кардаанд.

Дар асоси ин аризаҳо 2,5 ҳазор парвандаи ҷиноӣ ва наздики 30 ҳазор парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

Айни замон порлумони Қазоқистон дар садади таҳияи қонунест, ки ҷазои сахттаре барои хушунати хонаводагӣ пешбинӣ мекунад. Вакилон ният доранд, гунаҳкорони хушунати хонаводагиро ба корҳои ҷамъиятӣ ва то 20 рӯзи ҳабс ҷалб кунанд. Бино ба ин қонун, пулис вазифадор мешавад, ки ҳатто дар асоси хабарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба хушунати хонаводагӣ вокуниш нишон диҳад.

Эҳтимол дорад, қонун ҳамчунин иҷозат диҳад, ки пулис омилони хушунатро барои 30 рӯз аз дидор бо ҳамсарону фарзандон маҳрум кунанд. Ин меъёр барои касоне қабул шудааст, ки аз тарси cабабгор ё омили хушунат, наметавонанд ба мақомоти қудратӣ муроҷиат кунанд