Дар Қазоқистон сатҳи камбизоатӣ боло рафтааст

Яке аз бозорҳои Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Дар Қазоқистон теъдоди аҳолии дорои даромади камтар аз меъёри зарурӣ барои зиндагӣ дар пасманзари паҳн шудани коронавирус то ба 5,7 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ин бора сомонаи таҳлилии Finprom хабар додааст.

Соли 2019 теъдоди ин қишри аҳолӣ 4,3 дарсадро ташкил медод. Нишондоди ахир баъди соли 2011 бадтарин мебошад.

Сатҳи камбизоатӣ бештар дар вилоятҳои Туркистон (12,8 дарсад), Қазоқистони Шимолӣ (7,4 дарсад), Ҷамбил (6,9 дарсад) ва камтар дар шаҳри Нурсултон (1,4 дарсад), Қарағанда (2,4 дарсад) ва Атирау (3,1) мушоҳида мешавад.

Дар ду шаҳрри Қазоқистон -- Алмато ва Чимкент нишондодҳо назар ба соли гузашта бадтар шудаанд. Сатҳи фақр дар Алмато 6,2 ва дар Чимкент 6,4 дарсадро ташкил медиҳад.

Пажӯҳишгарон мегӯянд, ин тамоюл дар Қазоқистон дар пасманзари коҳиши "фаъолиятҳои иқтисодӣ" ва "оқибатҳои коронавирус" ба миён омадааст. Ҳамин тариқ теъдоди аҳолии дорои даромади камтар аз меъёри зарурӣ барои зиндагӣ дар Қазоқистон ба 1,1 млн расидааст.