Марги боз як нафари дигар аз коронавируси нав дар Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Вазорати тандурустӣ рӯзи 26-уми сентябр гуфт, шумораи умумии ҷонбохтагон аз бемории ҳамагир дар кишвар ба 75 нафар расид.
Дар шабонарӯзи гузашта 43 мавриди нави сирояти COVID-19 ба сокинон сабт шудааст. Аз охири моҳи апрел то 26-уми сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9605 нафар расида, 8385 кас ё 87,3 дарсади беморон шифо ёфтаанд.
"Шабонарӯзи охир 97 гумонбар зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", -- гуфтанд дар Вазорати тандурустӣ.
Бисёре аз мутахассисон мегӯянд, омори расмии мақомот миқёси воқеии сирояти беморӣ ва талафот дар Тоҷикистонро нишон намедиҳад.
Аз замони оғози паҳншавии вируси нав дар Чин дар соли гузашта то ҳол бар асоси омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико теъдоди беморон дар ҷаҳон ба беш аз 32 миллиону 400 ҳазор нафар расида, ҳадди ақал 985 ҳазор нафар аз ин вирус ҷон додаанд. Интизор меравад, ин омор бештар шавад.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 25-уми сентябр гуфт, барои сохтани ваксинаи коромад ба ин вирус ҳанӯз моҳҳо зарур аст.