Як блогнависи қазоқ дар Алмато боздошт ва ҳабс шуд

Ермек Тайчибеков.

Блогнависи қазоқистонӣ Ермек Тайчибекови 42-сола рӯзи 23 сентябр дар шаҳри Алматои он кишвар боздошт ва ахиран ба маҳбас интиқол шудааст.

Ин блогнавис баъди баёнияҳояш дар бораи ҳамроҳ шудани Қазоқистон бо Русия ва табъизи аҳолии русзабони Қазоқистон маъруф шуд.

Қозии пешини додгоҳи шаҳри Алмато Кулпаш Утемисов дар саҳифаи Фейсбук аз боздошт ва ҳабси Тайчибеков хабар дод. Ба навиштаи Утимесов, ҳангоми боздошт мақомот компютер ва телефони ҳамроҳи Тайчибековро мусодира кардаанд.

Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Алмато гуфтанд, ин блогнавис бо гумони барангехтани адоват боздошт шудааст.

Аммо Ермек Тайчибевок дар суҳбати телефонӣ бо бародараш гуфтааст, ки эҳтимол дорад, ӯро барои танқидҳояш аз сиёсати миллии мақомоти Қазоқистон боздошт карда бошанд.

Ин блогнавис, ки аз вай русиягаро унвон мешавад, дар соли 2015 ба чаҳор соли зиндон маҳкум шуда буд. Он замон ӯро ба барангехтани адовати миллӣ айбдор карда буданд.

Вай моҳи октябри соли 2017 пеш аз муҳлат аз ҳабс раҳо шуд.