Шумораи расмии қурбониёни COVID-19 дар Тоҷикистон ба 74 нафар расид

Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави талафот аз COVID-19 ва, инчунин, шумори беморону қурбониёнро аз коронавируси нав эълон карданд.

Вазорат рӯзи 23-юми сентябр гуфт, дар шабонарӯзи ахир марги як нафар аз бемории ҳамагир тасдиқ шудааст. Бо ин, шумори умумии ҷонбохтагон аз коронавируси нав ба 74 нафар расид.

Ба иттилои расмӣ, дар шабонарӯзи гузашта 43 мавриди нави гирифторӣ ба коронавирус тасдиқ шудааст. Аз охири моҳи апрел то ин дам 9475 нафар бемор шуда, 8244 кас шифо ёфтаанд. Айни замон 108 нафар зери назорати пизишкон будаанд.

Бисёре аз мутахассисон мегӯянд, омори расмии мақомот миқёси воқеии сирояти беморӣ ва талафот дар Тоҷикистонро нишон намедиҳад ва теъдоди беморону фавтидагон бештар аз он аст, ки вазорати тандурустӣ мегӯяд.

Муассисаҳои байналмилалӣ мегӯянд, заъфи мақомоти тандурустӣ дар озмоиши васеъ аз беморӣ метавонад, як сабаби кам будани омори гирифторону талафот бошад.