Вазорати корҳои дохилии Доғистон хабар дод, ки ду нафар аз зиндониёни фирорӣ аз маҳбаси мавзеи Шамхали шаҳри Махачқалъа шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Аз онҳо Шамил Бойматов ва Маҳмадрасул Машрабов ном бурда мешавад.
Бойматов зодаи ноҳияи Ёвон ба 12 соли зиндон ва Машрабов ба 8 соли зиндон маҳкум шудаанд. Бино ба маълумотномаи нашкардаи мақомоти милисаи Доғистон, Бойматов ба кочоқи маводи мухаддир ва Машрабов ба омодагӣ ба ҷиноят ё қасди содир кардани ҷиноят гунаҳкор шудаанд. Ҳамроҳи онҳо чаҳор шаҳрванди Доғистон низ аз маҳбас гурехтаанд.
Дар сомонаи расмии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ дар Доғистон омадааст: "Соати 23:40-и шаби 22-юми сентябр ҳангоми тафтиши пайраҳаи назаротии зиндон дар он заминкан (нақби дастисохт) ошкор шуд. Дар натиҷаи шумориши зидониён маълум шуд, ки 6 нафар нестанд."
Айни замон мақомоти Русия амалиёти ҷустуҷӯи зиндониёни фирориро шуруъ кардаанд.
Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ дар Доғиистон рӯзи 23-юми сентябр бо нашри изҳорот гуфт, Бойматов Шамил Раҷабалиевич 30-сола аст ва моҳи декабри соли 2016 боздошт шудааст.
Тибқи омори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Русия ё ФСИН дар ин кишвар то оғози соли 2020 беш аз 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон адои ҷазо мекарданд. Аз миёни шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Русия дар зиндон афтодаанд, шумораи тоҷикон аз ҳама зиёд аст.