Абдулло: Бархе Толибони озодшуда аз зиндон дубора даст ба хушунат мезананд

12 сентябр, пойтахти Қатар шаҳри Давҳа. Д-р Абдулло дар рӯзи аввали музокироти сулҳ бо Толибон.

Раҳбари гурӯҳи музокиротии ҳукумати Афғонистон гуфт, шуморе аз Толибон, ки дар чаҳорчӯби музокироти сулҳ аз зиндонҳо озод шуданд, дубора ба майдони ҷанг баргаштанд. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолеҳаи миллии Афғонистон гуфт, ки ҷараёни музокира бо Толибон дар Қатар аз замони оғозаш дар таърихи 12-уми сентябр хуб мегузарад, ҳарчанд, тибқи гузоришҳо, ҳарду ҷониб аз дастёбӣ ба созиш ҳанӯз дур ҳастанд. Вале, ба гуфтаи Абдулло, аз миёни 5 ҳазор Толибони зиндонӣ, ки дар чаҳорчӯби музокироти сулҳ озод шуданд, бархе дубора ба майдони ҷанг баргашта зидди ҳукумат меҷанганданд. Абдулло дар ҷараёни конфронси онлайнии Шӯрои равобити хориҷии ИМА рӯзи 22-юми сентябр гуфт, ки бархе аз Толибони озодшуда ба майдони ҷанг баргаштанд ва ин бо қарордоди сулҳ дар ихтилоф аст.

Бо вуҷуди идомаи музокироти сулҳ, мизони хушунат дар Афғонистон кам намешавад ва Абдулло аз ИМА ба унвони ҷонибе, ки ташаббуси сулҳ бо Толибонро рӯи даст дорад ва Покистон, ба унвони кишваре, ки эҳтимолан бо ин ҷангҷӯён дар иртибот аст, хост, ки онҳоро ба оташбас водор бикунанд. Абдулло гуфт, ки барои аввалин бор аз соли 2008 ният дорад базудӣ ба Покистон сафар кунад.